logo

Табрикоти ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Асрорзода Убайдулло Саттор ба ифтихори «Рӯзи ҷавонон»

       Ҷавонони саодатманди Тоҷикистони азиз!
Қабл аз ҳама якояки шуморо ба муносибати  “Рӯзи ҷавонон”, ки ҳамасола шуруъ аз соли 1998 инҷониб 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва аз мақоми хос доштани ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон дар назди давлату миллат гувоҳӣ медиҳад, самимона табрик менамоям.
Ин санаи муҳим ҳар сол бо табрикоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол гирифта мешавад.
Маҳз Пешвои муаззами миллат аз давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба нерӯи созандаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ғамхорӣ дар ҳаққи насли ҷавон самти афзалиятноки фаъолияташон маҳсуб меёбад. Ин аст, ки 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу хуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Муҳимтар аз ҳама, мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар собитгари онанд, ки Пешвои муаззами миллат ба ин қишри ҷомеа боварии комил доранд ва саҳми онҳоро дар пешрафти самтҳои мухталифи фаъолияти давлатдорӣ бориз арзёбӣ менамоянд.
Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумњурии Тоҷикистон даъвати «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро ба миён гузошта итиминони боварӣ намуданд, ки воқеан ҳам таваҷҷуҳ ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро ифода мекунад.
Ин аст, ки Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (23 майи соли 1997) бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқот оростанд ва оид ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон аввалин тарҳрезиҳо омода гардиданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 №414 Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Фаъолияти бонизоми Кумитаи мазкур аз замони таъсисёбӣ дар он собит мегардад, ки ҷавонони мо фарҳанги сулҳу дустӣ, табиати биҳиштосо ва иқтидору имкониятҳои кишвари худро барои ҷаҳониён ба таври шоиставу арзанда муаррифӣ карда метавонанд.
Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳоро дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар арзёбӣ менамоянд.
Бо мақсади дастгирии фаъолияти илмии олимони ҷавон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998, №967 таъсис ёфтани шаш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ истеъдодҳои ҷавонро хеле мамнуну сарфароз гардонид. Ба шахсоне, ки сазовори ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мегарданд, диплом, ки дар он Роҳбари олии кишвар, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо мегузоранд, супорида мешавад.
Ҷиҳати ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба илмомӯзӣ ва дарёфти толибилмони соҳибистеъдод Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 №949 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» ба имзо расид, ки иқдоми мазкур рӯ овардани ҷавононро ба илмомӯзӣ дучанд гардонид.
Инчунин, дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлат бо мақсади дастгирии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва ноҳияҳои дурдасти кишвар, Квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки хатмкунандагони таҳсилкарда ба зодгоҳи худ рафта, бо фаъолияти пурсамар саҳми арзандаи худро дар ободии кишвар мегузоранд.
Ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз 15 июли соли 2005, №1574 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ» ва Стипендияи «Дурахшандагон» ба тасвиб расида, имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар беҳтарин макотиби олии кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд.
Ҳамзамон, ташкили озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, махсусан “Фуруғи субҳи доноӣ…”, ки соле қабл дар ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 05 феврали соли 2020, №АП-1339 ба тасвиб расидааст, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа эълон карда мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештар аз ҳама дар ин озмунҳо ҷавонони кишвар аз дигар қишрҳои ҷомеа дида, фаъолтар худро нишон медиҳанд. Ин озмунҳо аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳанд, ки ба ин васила ҷавонон ва дар умум ҷомеаро ба рӯ овардан ба китобхонӣ, ки манъбаи асосии илму дониш маҳсуб меёбанд, раҳнамун месозанд.
Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки зимни яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”. Боварии комил дорам, ки ҷавонони саодатманди кишвар дастуру ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ба ин васила дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Бори дигар Рӯзи ҷавонон ба якояки Шумо муборак бошад!