logo

Тоҷикистон короноро шикаст медиҳад!

Тоҷикистон короноро шикаст медиҳад!
Коронавирус, вабои  олам гаштӣ,
Боиси азою мотаму ғам гашӣ.
Чун заҳри ҳаёҳиле ба ҷони инсон,
Як душмани беамони одам гаштӣ.
Коронавирус,  вирди  забонӣ имрӯз,
Азроили ҷони одамони имрӯз.
Барканди равобити ҳама аҳли башар,
Аз ин амалат комрони имрӯз.
Чун қосиди марг, зи мулки Чин омадаӣ,
Ту аҳриманию бар замин омадаӣ.
Душман ба тавоноию ақли  инсон,
Эй бешарафо , зи рӯи  кин омадаӣ?
Бар кишвари мо чу ҷосусон омадаӣ,
Аз баҳри бадиҳову зиён омадаӣ,
Ин миллати мо зи ту надорад тарсе,
Беҳуда ба мулки тоҷикон омадаӣ.
Тоҷик, ки зи ҷангу фитнаҳо ғолиб шуд,
Бар меҳани аҷдодии худ соҳиб шуд.
Бо сулҳу салоҳ Ваҳдату ободӣ,
Ин дам ба ҳама мартабаҳо соҳиб шуд,
Авитсена шуҳрати  дунё бошад.
Тоҷик, ки зи зоти Ибни Сино бошад,
Ёбад илоҷи ҳар маризу дарде,
Шифои мариз  ба дасти Оллоҳ бошад.
Бо амри Худо туро забун месозад,
Аз ботини одамон бурун месозад.
Зеро ки маризию давоят покист,
Ҳар зарраи ту сарнагун месозад.

Муҳтарама Холзода — омӯзгори литсеи Донишкадаи

сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷиктстон!