Тоҷикӣ Русский English
logo

КУМАКИ НАВБАТИИ РАЁСАТ ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ БА КОРМАНДОНИ БЕМОРХОНАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

(дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи
Пешвои муаззами миллат)

       06 майи соли равон раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ҳайати кормандони донишкада иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба гузаронидани маоши якмоҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 якдилона дастгирӣ намуда, барои 150 оилаи табибон, ки шабонарӯзӣ ба хотири беҳдошти солимии ҷомеа дар самти пешгирии ин вабои аср дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд кӯмак дар намуди маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва амсоли инҳо расониданд.

 

       Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл музди меҳнати якмоҳаи ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор ва аз ҳисоби имконоти мавҷудаи донишкада 20 000 сомонӣ ба суратҳисоби махсусе, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронида шуда буд.

Чунин амалҳои хайру савоб бобати дастгирӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19, ки айни замон дар ҷумҳурии азизамон доман паҳн карда истодааст, раёсат ва коллективи меҳнатии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат минбаъд низ идома хоҳанд дод.