Тоҷикӣ Русский English
logo

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ

       29 апрели соли 2020 дар толори хониши Китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ  ва хизмат тибқи Нақша-чорабиниҳои донишкада ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки доираи васеи устодону донишҷуён баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавёӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот доир карда шуд.

      Озмуни мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада, дотсент Хоркашов И.С. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни озмунро аз номи Роҳбарияти донишкада ҷиҳати ширкаташон дар ин озмун хайрамақдам гуфтанд. Дар идомаи баромади хеш муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада зикр намуданд, ки бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

      Дар такя ба ин андеша, месазад зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.

       Бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷамъбаст намудани даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо фармоиши ректори донишкада Комиссияи озмунӣ аз ҳисоби кормандони донишкада ба тасвиб расид, ки фаъолияти комиссияи мазкур тибқи номинатсияҳои дар Низомномаи озмуни мазкур муқарраргардида санаи 29 апрел ҷамъбаст карда шуд.

      Дар даври донишкадавии озмуни мазкур ғолибони даври факултетивӣ аз ҳисоби донишҷӯёни донишкада 24 нафар иштирок ва баромад намуданд.

       Баромадкунандагон аз ашъори бузургони шеъру адаб порчаҳои шеърӣ қироат намуда, аз ҷониби ҳайати комиссия соҳиби холи муайян гардиданд. Гарчанде, баромади аксар қироаткунандагон ҷолиби диққат буд, вале танҳо 3 нафар донишҷӯён ғолиби озмун ҳисобида шуда, бо “Ифтихорнома”-и донишкада сарфароз гардонида шуданд ва барои давраҳои минбаъда дар сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ  тавсия карда шуданд.

      Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат минбаъд низ барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҳама самтҳо чунин намуди озмунҳоро пай дар пай доир менамояд.

      Раванди ҷамъбасти даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ба навор гирифта шуд.