logo
79

БОБОҶОН ҒАФУРОВ — ОЛИМИ БАРҶАСТА ВА АРБОБИ ДАВЛАТӢ

        28 сентябри соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ, бахшида ба 110-солагии Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров- олими барҷаста ва арбоби давлатӣ” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон,  олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯёни фаъоли донишкада иштирок намуданд.

        Конфронсро  муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дотсент Хоркашов И.С. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки мақсад аз баргузории конфронси мазкур, пос нигоҳ доштани таърихи миллати тоҷик ва муаррифи намудани заҳматҳои Бобоҷон Ғафуров барои насли наврасу ҷавон ва эмин нигоҳ доштани сулҳу суботи тоҷикон мебошад.

        Бобоҷон  Ғафуров  дар ҳақиқат инсони аср буданд. Дар таърих кам андар кам пешвоёни сиёсӣ ё сиёсатмадороне  ёфт мешаванд, ки ҳамзамон ду кор, яъне касби олимӣ ва пешаи роҳбариро идома дода бошанд. Хушбахтона, Б. Ғафуров ҳам олими ҷомеашинос буду ҳам роҳбари  хирадманду  дурандеш. Агар дар кори роҳбарӣ баҳри ташаккулу шукуфоии Тоҷикистон талоши пайгирона карда бошад, дар кори олимӣ, илми таъриху ховаршиносии миллиро ба по монда, ба таҳияву таълифи таъриху фарҳанги ғановатманди халқи тоҷик пайваста заҳматҳо кашидааст.

        Худшиносии халқ пеш аз ҳама ба болоравиии маърифати аҳли адаб ва фарҳанг алоқаманд аст. Санъат ва адабиёти асил дар ҳамаи давру замон пайвандгари узвҳои ҷудогонаи ҷамъият буданд. Бобоҷон Ғафуров хоҳони инкишофи ҳама намуди соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ буд. Ҷомеаро бе ҳунармандони асил ва мутахассисон тасаввур карда наметавонист, қайд намуданд Хоркашов И.С.

        Сипас, тибқи барномаи конфронс дар ҷаласаи пленарӣ баромадҳои Абдурашитов Ф.М.-д.и.т., ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ дар мавзӯи “Государственно-политическая деятельность Б. Гафурова”, Ҳотамов Н.Б.  д.и.т., профессори кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи “Б. Ғафуров дар бораи И. Сомонӣ”, Сайфуллоев Н.М. – д.и.ф., профессор, мудири шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ, дар мавзӯи “Б. Ғафуров дар бораи худшиносии миллии тоҷикони бурунмарзӣ” ва Ҳаитов Ф.Қ.- н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи “Масъалаи худшиносии миллии халқи тоҷик дар таҳқиқоти илмии Б. Ғафуров” шунида шуд.

        Дар охир устодони собиқадори донишкада дотсентон Чиллаев И. ва Раҷабов Б.Ҳ. андешаҳои худро роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти арбоби давлатӣ ва олими шинохта, қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров иброз намуданд.

        Пас аз нисфирӯзӣ конфронс кори худро дар ду бахш идома дод.