logo

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ: РИОЯИ ҲАДДИ ЭЪТИДОЛ ДАР ТУҒЁНИ ХОҲИШИ САРВАТМАНДӢ ВА КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ

       Мазмуни муқовимат бо коррупсияро мувофиқ ба муқаррароти м. 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (25.07.2005 сол) дар радифи гузаронидани чораҳои пешгирӣ, муҷозоти ашхоси гунаҳгори содиркунандаи кирдори коррупсионӣ, ҳамчунин ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати зиддикоррупсионӣ ташкил медиҳад, ки ҷанбаи маънавиро дорост. Аз ҳамин ҷиҳат дар Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2008-2012 ва 2013–2020 ба ҷанбаи ахлоқии муқовимат бо коррупсия диққати ҷиддӣ дода шуда, ба ин масъала бобҳои алоҳида бахшида шуда буд.

       Дар воқеъ барои бо самар ташкил намудани кори муқовимат бо коррупсия муайян намудани омилҳои субъективӣ, ки ба талаботҳои ҷисмониву рўҳии инсон вобаста буда, ўро ба содир намудани ин амали номатлуб водор мекунад, ниҳоят муҳим арзёбӣ мешавад. Бо чунин андеша, бо ҳамин гузориш мо мехоҳем танҳо ба як масъалаи муқовимат бо коррупсия, яъне баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати зиддикоррупсионӣ бо кўшиши матраҳ намудани масъалаи ҳадди эътидол дар туғёни хоҳиши одамӣ ба молу сарват ва камолоти маънавии инсон диққати шуморо ҷалб намоем.

       Коррупсия зуҳуроти ҳаёти иҷтимоӣ буда, вай аз қадим бо баробари  пайдоши давлат ба миён омадааст, вай нуқси давлат  буда, ба фаъолияти босамари ў зараровар мебошад. Вале давлат доштан, соҳибихтиёронаву мустақил вилоят намудан ин бахт ва саодати миллат аст. Давлат ҳастӣ ва бақои зиндагии халқро дар макони муайяне нишон медиҳад. Тоҷикистон, халқи тоҷик зери парчами худ дар миёни давлатҳои дигари дунё арзи ҳастӣ намуда, бардавом боқӣ монда, рушду нумў менамояд ва корҳои хайреро ба иҷро мерасонад. Давлатманд будан маънои доштани озодиву истиқлолияти халқро дар назар дорад, яъне халқи мо, намояндагони мо, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори он, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ озоду мустаққил ва босалоҳият баромад намуда, имконият дорем, ки манфиатҳои башарӣ ва миллиамонро ҳимоя намоем. Гузашта аз он, оини зиндагиамонро дар асоси маданияти бою  ғании ниёгонамон мустаққилона интихоб намуда, мафкураву маънавиёт ва дину эътиқоди худро — худ муйян менамоем.

       Давлат ҳамчун дастоварди инсоният, натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои зиёд буда, то ба имрўз ҳамаи халқу миллатҳо ба он мушарраф ҳам нагардидаанд. Мо бо амри тақдир, бинобар ҳуввияти озодагиву озодихоҳии мардум бо санҷишу озмоишҳо тавассути василаву мушкилоти басо сангин бо саъю талоши намояндагони мардум, бахусус раҳнамоиву ҳидояти фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи сифати накў ва хиради волои  инсонӣ — Пешвои миллат, Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он мушарраф гардида, дар рушду нумўи он корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем. Ана бинобар ҳамин ҳам Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар руҳияи шукру қаноат дар шурўи барномаи «Ахбор» ҳамаруз бисёр бо қатъият таъкид мекунанд, ки «Дуст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб доред».

       Давлату давлатдорӣ бо баробари муҳайё намудани шароити арзанда барои зиндагии шоиста боз мушкилоту муаммоҳоеро ба мисли коррупсия дорад, ки ба вуқўъ пайвастани он сабабҳои худро дошта, муқовимат накардан ба он, ба мисли чораҷўи накардан нисбат ба касалиҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, давлатро сусту заиф ва фалаҷ менамояд. Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Агар мо ба масъалаи коррупсия (фасод), муқовимат бо он ҷиддитар муносибат намоем, ногузир ба фалсафаи робитаи инсон бо дунё, ҷисм ва рўҳ, масъалаҳову муаммоҳои ахлоқӣ  рў ба рў мешавем. Чунки фасоду вайронкорӣ пеш аз ҳама бо нафсу ғарази ашхоси мансабдор ва қудрати давлатӣ алоқаманд буда, мабдаи ҷисмонӣ ва рўҳии шахс дар он муҳим мебошад. Маълум аст, ки инсон аз ҷисм, модда, ки хислати ҳаракат, афзоиш ва бароварда намудани талаботи ҷисмонӣ дорад ва ҷанбаи маънавӣ – рўҳ, яъне авзо, ирода, тафаккур, ақл, тамиз, илм, ки мартаботи зиёде аз камолот доранд, иборат мебошад.

       Бино ба дастовардҳои инсоният дар ҷодаи моддиёт ва техника ба назар чунин мерасад, ки инкишофи ҷабҳаи моддии ҳаёти инсонӣ дунёи моро ба авҷи камолот мерасонида бошад, вале афсус, ки чунин набудааст. Баракс дар асари пешрафти илмӣ ҷангҳои ҷаҳонӣ бо истифода аз яроқи қатли ом ба вуқўъ пайваста, миллионҳо афроди бегуноҳ мавриди таҷовуз қарор дода шуда, давлатҳои қавитар аз ҷону моли давлатҳои заифтар ғанимат гирифтаву рўзи хушгузаронӣ мекунанд. Ва ё дар ин дунёи моддапарастӣ, молпарастӣ дар гушаҳои гуногуни дунё яке дар никоҳ ҳамҷинсгарову дигаре виҷдонфуруш буду ҳаст.

       Ин таҷрибаи талхи пешрафти ҷаҳони моддӣ, ба мо нишон медиҳад, ки замоне, ки моддиёти инсон, ҷисми ў, маъмури ҳаёти маънавӣ ва рўҳӣ гашта, истиқлолияту мухторияти рўҳро зеру забар намудааст, таҷовуз ба ҳаққи дигарон ба кори муқаррарӣ табдил хоҳад ёфт. Аз ин рў, доимо роҳбари давлати мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони мансабдор ва сарватмандон таъкид мекунанд, ки зиёдаравӣ накунанд, ки зери ин мафҳум як ҷаҳон маънӣ ифода шудааст. Ба ҳамин ҷиҳат монанд Робиндранат Тагор, шоири маъруфи ҳиндӣ чун шиква аз тамаддуни ҳамон руз, ки танҳо бар илму модда бино ёфта, ба арзишҳои маънавӣ аҳамият намедод, гуфта буд, ки ҳарчанд ислоҳоту тараққӣ вуҷуди моддаро зеботар ҷилвагар месозад, вале таъсир ба одамгарии инсон надоштааст. Ў мегўяд, ки камолоти рўҳӣ аз пешрафти моддӣ вобаста нест. Ин камолот гавҳаре аст абадӣ, ки дар ниҳоди инсон қарор дода шудааст, хоҳ мо аз лиҳози моддӣ пешрафта ё ақибмонда бошем. Ин неруву қувваҳои абадӣ кадомҳо бошанд, дар ҷавоб мегўяд, ки инҳо покӣ, муҳаббат, садоқат, фидокарию ҷонбозӣ ва ҳар сифати дигаре аст.

       Ў таъкид менамояд, ки ҳангоме, ки дар мактаб фоидаи моддиёт, яъне барқ ба шогирд ёд дода мешавад, фоидаи муҳаббату покӣ ва садоқат ҳам ба ў ёд дода шавад, то ки фарҳанги моддию маънавӣ ҳамоҳанг бо ҳам тараққӣ намоянд. Вале дар баъзе аз таълимотҳо афкоре мавҷуд аст, ки ба ақидаҳои фалсафӣ ва динӣ такя намуда,  тасдиқ менамояд, ки рўҳу ҷисм тазоди манофеъ доранд  ва нафъи ҳар як ба зиёни дигаре тамом мешавад.

       Албатта, натиҷаи чунин афкор миёни ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии ҳаёти инсон фарқ ва ҷудоӣ андохта, тақозо менамояд, ки касе ки ҷанбаи моддиро интихоб намуда онро ғанӣ гардонад, комилан аз ҷанбаи маънавӣ дур гашта, дар моддапарстӣ ғарқ гашта, шўҳратпарасту ман-маниро пеша менамояд. Ва баракс касоне, ки ҷанбаи маънавии зиндагиро афзал медонанд, роҳҳоеро барои камолоти рўҳӣ интихоб мекарданд, ки онҳоро аз олами модда дур месохт, чунки фикр менамуданд, ки аз тариқи олами модда ба камолоти маънавӣ  расидан муҳол аст.

       Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ин идда одамон барои расидан ба камоли рўҳӣ барои тасхири ҷисми худ чӣ чораҳое ихтиро намекарданд ва аз тамоми талаботи нафсӣ ба кулли дурӣ меҷустанд, яке гуруснанишинӣ менамояд, дигаре роҳиби калисо мешавад. Чунин афкору рафтор, аз рўи оини зиндагии мо, дини мо ва қонуни асосии зиндагии мо нест.

       Тибқи оин ва қонуни мо руҳу ҷисм такмилкунандаи якдигараанд. Мо маҳрум сохтани нафсро аз неъматҳои ҳалол эътидол меномем, ки ба маънои таҷовуз накардан ба ҳаққи каси дигар  ва риоя намудани мамнўъоти ҳаром мебошад. Дар риоя намудани ҳадди эътидол дар таносуби манофеи ҷисму рўҳ ҳақиқате  ҳаст мувофиқ ба сиришт ва фитрати инсонӣ. Зиндагии шарафмандона ва табиӣ танҳо дар ҷомеае имконпазир аст, ки агар вай аз ниҳояти моддапарастӣ ва ё раҳбоният дур бошад. Ҷомеа, ки дар партави эътиқоду боварӣ ба ҳамдигар, қонун, давлат ва риояи маънавият фаъолият ва талош менамояд, комёб хоҳад гашт.

       Бинобар ин, ҳар як инсон тибқи м. 32 Конститусия ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳақ дорад моликият дошта бошад, онро зам намояд, молиёт ҷамъ намуда, сарватманд гардад. Вале дар туғёни хоҳиши сарватмандӣ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳад, донад, ки сарвату мол василаи озмоиш буда, оё онро дар роҳи хайру саховатмандӣ, некӣ ба касон ва ё дар роҳи бухлу бадӣ ва ё фисқу фасод истифода мекунад. Подоши бузурги рафтору номи накў дар кори неку хайр буда, накўномӣ саодати дунёро муҳайё менамояд.

       Чун қоида эҳтимолияти аз ҳадди эътидол ва роҳи рост берун шудани одамоне ҳаст, ки молдору сарватманд гаштанд, худро бениёз эҳсос мекунанд. Фаромўш мекунем, ки ҳама дар назди давлат, қонун ва суд ҷавобгаранд.

       Дар оину қонун ва ахлоқи ҳамидаи мо масрур шудан бо сарвату моле, ки ўро ба ғуруру таккабур бикашонад, маън шуда, шукру сипосро тарғиб менамояд. Чунки ишқ ба молу сарват ва худнамоӣ бо он, боиси азияти фақирон ва ғуруру такаббур гашта, дар сурати аз даст рафтани он ба соҳиб низ зарар хоҳад расид. Бинобар ин, ба ҳар чи ки бо меҳнати ҳалоламон  насибамон шудааст, шукр  намуда, ба дигарон некӣ намоем, ба вайронкориву фасод машғул нашавем…..

 

Искандаров З.Ҳ. – пррофессори кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат