logo

ҲАФТАИ КИТОБХОНА ДАР ДОНИШКАДА

       Мувофиқи Нақша-чорабиниҳои китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз 13.04.2020 то 18.04.2020 ҳафтаи кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дар толори китобхонаи илмии донишкада баргузор гардид.

       13.04.2020 сол  соати 8.00 ҳайати устодони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ ҳамроҳ бо як гурўҳи донишҷўёни ихтисоси 1-26020101-и донишкада ба китобхона ташриф оварданд.

       Кормандони китобхона бо роҳбарии директор Назриева Дилафрўз Раҷабалиевна омўзгорон ва донишҷўёнро самимона истиқбол намуданд.

       Бо ташаббуси беназир ва кўшишу ғайрати кормандони китобхона лавҳаи дастовардҳои таълимӣ-методии устодони кафедра ва китобҳои нави китобхона ба марази тамошои донишҷўён ва аҳли толор гузошта шуда буд.

       Мудири кафедра ва ҳайати омўзгорон ҳангоми муаррифӣ  намудани дастовардҳои кафедра қайд намуданд, ки тўли як ҳафта дар толори китобхона якчанд чорабиниҳои дорои хусусияти таълимӣ-методитӣ, илмӣ-амалӣ ва тарбиявӣ-методӣ оид ба масъалаҳои гуногуни самти фаъолияти кафедра гузаронида мешавад. Ҳамзамон, дар бораи нақши китоб ва китобхона дар тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа сўҳбатҳо барпо хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар толори китобхона баргузор намудани маҳфили илмии донишҷўён дар мавзўи: «Китоб манбаи илму дониш ва рушди ақлонии инсон», дарси тарбиявӣ дар мавзўи: «Китоб сарчашмаи донишу рушди зеҳнии инсон» ва конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки олимони донишкада дар назар аст.

       Чорабиниҳои кафедра дар китобхонаи илмии донишкада мувофиқи ҷадвали зерин баргузор карда мешаванд:

 

Таърихи

баргузорӣ

 

       Номгўи мавзўъ

 

Мутасаддӣ

Эз

оҳ

1. 13.04.2020 Намоиши китобҳои дарсии тозанашуршудаи кафедра Мудир ва ҳайати кафедра
2. 14.04.2020 Ифтитоҳи ҳафтаи кафедра зери мавзўи: «Аниси кунҷои танҳои китоб аст» Мудир ва ҳайати кафедра
3. 15.04.2020 Суҳбат ва машварт оид ба тарзи истифода аз маводҳои китобхонаи илмӣ Мудир ва ҳайати кафедра
4. 16.04.2020 Баргузор намудани соати кураторӣ дар мавзўи: “Китоб сарчашмаи донишу рушди зеҳнии инсон” Мудир ва ҳайати кафедра
5. 17.04.2020 Баргузор намудани МИД дар мавзўӣ: “Китоб манбаи илму дониш ва рушди ақлонии инсон” Мудир ва ҳайати кафедра
1. 18.04.2019 Баргузор намудани конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўӣ: “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Мудир ва ҳайати кафедра

 

       14.04.2020 мудири кафедараи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ Нодиров Ф.М. рўзи дуюми ҳафтаи кафедраро таҳти мавзўи: «Аниси кунҷи танҳои китоб аст» кушода донишҷўн ва ҳозиринро барои ширкати фаъолона дар ин бахш даъват намуд. Мавсуф қайд карданд, ки дар фарҳанги миллати мо ва адабиёти тоҷик нақши китоб ҳамчун сарчашмаи пурғановати илму маърифат борҳо таъқид шудааст. Аз ҷумла, дар сатҳи кишвар бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фрурўғи субҳи донои китоб аст…» баргузор шуда истодааст.

       Мудири кафедра Нодиров Ф.М. ва ҳайати омўзгорони кафедра донишҷўёнро бо мазмуни амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 шинос намуданд. Дар амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

       Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» тасдиқ карда шудааст.

       Вазорати маориф ва илм, академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радио, кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим якҷо бо мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияхо иҷрои амри мазкурро таъмин намоянд.

       Мувофиқи қисми 2 банди 1 Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухнвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспмрантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

       Дар радифи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо шогирдони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки барои дарёфт намудани ҷойҳои ифтихори камари ҳиммат бандед ва кўшиши ба қуллаҳои намоён расиданро анҷом диҳед.

      Пас аз ин донишҷуён бо китобҳои тозанашри устодони кафедра шинос шуда, барои сари вақт таълиф шудани китобҳои дарсӣ ва васоитҳои таълимии зарурӣ миннатдории худро баён намуданд.

       15 апрели соли 2020 дар толори китобхона оид ба тарзи истифода аз маводҳои китобхонаи илмӣ ва хусусан китобу дастурҳои навтаълифӣ кафедра дар соли ҷорӣ сўҳбату машварат баргузор гардид. Донишҷуён қайд намуданд, ки хушбахтна имрўз ба мо он чизе дастрас шуд, ки солиёни зиёд интизораш будем.

       Воқеан санҷишу имтиҳонҳо дар донишкада чандин сол аст, ки тариқи маркази тестӣ баргузор мегарданд, вале чунин дастуру васоитҳое, ки намунаи онҳоро ифода намоянд вуҷуд надошт. Акнун мо имконият дорем, ки қабл аз баргузории имтиҳону санҷишҳо бо намунаи онҳо пешакӣ шинос шавем, гарчанде дар ин маҷмўа ҳамаи саволҳои тестӣ набошанд ҳам, вале тарзи корбасти онҳо хело хуб намоиш дода шудааст.

       16 апрели соли 2020 дар толори китобхонаи илмии донишкада устоди кафедра Дилшодзода Ф. дар мавзўи: “Китоб манбаи илму дониш ва рушди ақлонии инсон” соати кураторӣ дар курси 3 ихтисоси 96010101+02 баргузор намуд. Дар ҷараёни дарси кураторӣ муаллима таваҷҷуҳи донишҷуёнро ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ…” ҷалб намуданд. Муаллима қайд карданд, ки масъули баргузории озмун комиссияи озмуни мебошад, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

       Салоҳияти комиссияи озмун:

  • ба танзим даровардани ҷадвали баргузории озмун;
  • назорати баргузории смаривақтии озмун;
  • таҳияи талабот ва дигар тавсияҳое, ки барои озмун зарур мешаванд;
  • тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот ва ҳоказо.

       17 апрели соли 2020 дар мавзўӣ: “Китоб ва мавқеӣ он дар замони муосир” МИД-и донишҷўёни кафедра бо номи “Гумрукчиёни ҷавон” баргузор гардид.

       Дар маҳфил баромади донишҷўи курси 4-уми ихтисоси 1-96010101 Хоҷаев Сафаралӣ таҳти унвони “Асарҳои Пешвои миллат – василаи баланд бардоштани худшиносӣ, ватандўстӣ, сулҳу ваҳдат, амният ва якпорчагии кишвар”.

      Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тўли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи сулҳу ваҳдат, амнияту якпорчагии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар иртибот ба ин масъалаи худшиносии миллӣ, ватандўстӣ ва зиракии сиёсии мардуми кишвар масъалаҳое мебошанд, ки барои ҳар як фарди бо нангу номус хос мебошанд ва чунин нафарон барои ҳифзи амнияти давлат ва муқаддасоти миллӣ ҳамеша омода мебошанд.

       Сипас, донишҷўи курси 4-уми ҳамин ихтисос Тоҳирзода Шералӣ дар мавзўи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои миллӣ” баромад намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рамзҳои давлатии кишвар, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ва инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

       Дар фарҷоми маҳфил саволу ҷавоб баргузор гардид.

       18-уми апрели соли 2020 дар толори китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конфронси зикргардида дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 таҳти рақами 156 “Дар бораи баргузор намудани “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2020 таҳти рақами №09/2-71 ва Нақша-чорабиниҳои донишкада, ки бо фармоиши ректори донишкада тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

      Конфронси зикршударо сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қаландарова Г. бо сухани ифтитоҳи кушода, меҳмонон ва аҳли толорро хайра мақдам гуфтанд. Сипас, қайд намуданд, ки дар ин ҷо ба ёд овардани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳамият ва нақши мақомоти гумрук ба маврид мебошад: “Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуогуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад”.

       Масъалаи таъсис ва ташкили мақомоти гумрук дар давлати навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз дар Иҷлосияи таърихии XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд, ки дар натиҷаи он 25 ноябри соли 1992 аввалин Кодскси гумруки давлати тозаистиқлол ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул карда шуд.

       Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хусусан Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил намудани низоми мақомоти гумрукии кишвар нақши босазо иҷро намуданд. Дар асос ва барои иҷрои самараноки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ номгўи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардид, ки на танҳо самтҳои мухталифи фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, балки тамоми муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба фаъолияти гумрукиро мавриди танзим қарор доданд.

       Мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

       Воқеан мақомоти гумрук дар баробари таъмин намудани амнияти иқтисодии кишвар дар доираи салоҳияти худ инчунин  вазифаи масъули зеринро, аз қабили: таъмин намудани ҳаёт ва саломатии инсон; амнияти миллӣ; ҳифзи сарватҳои таърихиву фарҳангӣ; танзими фаъолияти савдои хориҷӣ; мубориза бар зидди қочоқ ва ваиронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ, пур намудани буҷаи ҷумҳурӣ ва ҳоказоро иҷро менамояд.

       Бинобар ин, чунин чорабиниҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ имконият медиҳанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти гумрук таклифу дархостҳои илман асоснок пешиҳод карда шаванд.

       Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук Абдуқодиров Ҷамшед бо мавзўи «Такмили назорати гумрукӣ» баромд намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки назорати гумрукиро бидуни алоқаи ногусастани бо барасмиятдарории гумрукӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

       Дар ин бахши фаъолияти гумрукӣ нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва ватанӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ шуданд. Мутобиқи моддаи 13 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарорӣ зарури аз 10 номгўй ба 5-то кам карда шуд. Ҳамзамон, дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон боби нав бо номи танзимгари ваколатдор ҷорӣ карда шудааст.

       Полковники Хадамоти гумрук Розиев Саидҷаъфар бо мавзўи «Танзими тарифии фаъолияти гумрукӣ» баромад намуда, қайд карданд, ки аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши фаъолияти гумрукӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қабул шуданд. Танзими тарифии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нишондодҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба амал бароварда мешаванд.

       Ислоҳоти фаъолияти иқтисодии (савдои) хориҷӣ ҳамчун предмети идоракунии мақомоти гумрукии кишвар тақозои такмили минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукиро ба миён овард.   Бинобар ин, 3 декабри соли 2004 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шуд, ки ба принсип ва меъёрҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ва Конвенсияи Киото оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи Киото аз соли 1999) мутобиқ гардонида шудааст.

       Декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Соибов З.М. дар мавзўи «Ташаккули шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд карданд, ки  таъсисёбии мақомоти гумрук бо ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи бевосита дорад.

       22 январи соли 1992 дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Саридораи назорати гумрукӣ таъсис дода шуда, баъдан дар доираи барномаи ислоҳоти идораи давлатӣ, сохтори мақомоти гумрук якчанд маротиба тағйир дода шуд ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт.

       Муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи донишкада Шоҳназари Х.Ғ. бо мавзўи “Мақсад ва вазифаҳои равзанаи ягонаи мақомоти гумрук ва тартиби истифодабарии он аз ҷониби иштирокчиёни ФСХ” баромад намуда, қайд карданд, ки таъсиси равзанаи ягона имконият медиҳад, ки муомилоти ҳуҷҷатгузори пурра тариқи низоми электронӣ бо кам намудани ҳиссаи иштироки шахсӣ дар чорабиниҳои муҳими фаъолияти гумрукӣ баргузор гардад ва ҳамин тариқ сатҳи амалҳои номатлуб ба маротиб коҳиш ёбад.

       Донишҷўи курси 4-уми шуъбаи рўзонаи ихтисоси 1-96010101 Хоҷаев Сафаралӣ бо мавзўи “Низоми Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, аз аҳамият ва моҳият ин шохаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар таъмин намудани амнияти иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии қочоқ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ғани гардонидани буҷети давлатӣ ва ҳоказо сўҳбат намуд.

       Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ байни иштирокчиёни конфронс баҳсу мунозираҳои судманд баргузор гардид.

       Бо ҳамин чорабини ҳафтаи кафедра дар китобхонаи илмии донишкада ҷамъбаст карда шуд.