logo

РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Санаи 23-юми апрели соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат конфронси илмӣ-назариявии апрелии омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯи “Рушди фанҳои дақиқ – омили муҳими таъмини саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” доир гардид.

      Конфронси илмӣ-амалиро муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимии донишкада муҳтарам Раҳимов М.А. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба кори конфронс хайрамақдам гуфтанд.

      Раҳимов М.А. иброз доштанд, ки  “Масъалаи рушди соҳаи саноат дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон мавриди таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии давлат қарор дорад. Аз ин лиҳоз, санаи 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”.

      Ғайр аз ин, зикр карда шуд, ки “Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суръатбахшии рушди соҳаи саноат маблағҳои зиёд ҷудо менамояд ва ҳамкориву созишномаҳои Ҳукумат бо ширкатҳои ватанӣ ва хориҷи дуру наздик вобаста ба таъсиси корхонаҳои гуногуни истеҳсоливу ҷалби сармояҳо бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо мақсади  ноил шудан ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди СУС, СҲШ ва бо беш аз 100 давлати дунё робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ мондааст”.

      Номбурда иброз дошт, ки бо мақсади татбиқи амалии пешниҳодоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи таҳия ва тасдиқи Нақша-чорабиниҳо, давра ба давра чорабиниҳои гуногуни илмиро баргузор менамояд. Яке аз чунин чорабиниҳои илмӣ, баргузор намудани конфронси донишкадавии илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён дар мавзӯи «Рушди фанҳои дақиқ-омили муҳими таъмини саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” мебошад.

      Баъдан иштирокчии конфронс, директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс бо маърӯзаи “Саноатикунонии босуръати мамлакат  — омили калидии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.

       Номбурда иброз дошт, ки “Саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ заминаи боэътимоди таъмини бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ бо молҳои ватанӣ, густариши ицтидори содиротии мамлакат, ташаккули имконоти воридотивазкунӣ, таъмини cатҳи инкишофи босуръати маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат, васеъсозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалии кишвар мебошад”.

      Дар идомаи ҷаласаи ифтитоҳӣ маърӯзаи магистранти курси якуми ихтисоси 1-260101 – “Идораи давлатӣ” дар мавзӯи “Пасандозҳои аҳолӣ, ҳамчун иқтидори захираҳои сармоягузорӣ” шунида шуд. Номбурда пасандозҳои аҳолиро ҳамчун иқтидори муҳими сармоягузорӣ унвон карда, оид ба самтҳои истифодаи самарабахши онҳо дар иқтисодиёти миллӣ зикр намуд

       Дар интиҳои кори ҷаласаи ифтитоҳӣ музокира миёни иштирокчиёни конфронс сурат гирифт.

      Тибқи барнома, пас аз хӯроки нисфирӯзӣ кори конфронс бахши омӯзгорони донишкада дар чаҳор бахши алоҳида ташкил карда шуда, бахши донишҷӯён дар ҳафт бахши алоҳида санаи 24-уми апрели соли 2020 сурат хоҳад гирифт.