logo

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ

       21 апрели соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, барои омода намудани ҷавонону наврасон ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур вохурии судманд гузаронида шуд.

      Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Динора Ҷабборзода иброз намуданд, ки боиси  шодмонӣ  ва  шукргузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овардааст. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

      Дар такя ба ин андеша, месазад, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

      Ин буд, ки Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  9 -уми феврали соли ҷорӣ оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” содир гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад, қайд намуданд Динора Ҷаборзода.

      Дар охир байни донишҷӯёни донишкада ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Динора Ҷабборзода суҳбати озод, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳо сурат гирифт.