logo

Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”

        Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.

          Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва  хизмати басо бузурге кардаанд.

          Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

          Ба ин муносибат санаи – 18 сентябри соли 2019 дар Донишкади соҳибкорӣ ва хизмат Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада таъсис дода шуд, ки дар ин лиҳоз санаи 27 сентябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи мазкур чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба таъсисёбии Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” гузаронида шуд.  Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент  Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович  оғоз намуда, иштирокчиёни маҳфилро аз номи Роҳбарияти донишкада хайрамақдам гуфтанд.

            Дар идомаи баромади хеш Ҷабборов Баҳридддин қайд намуданд, ки дарвоқеъ андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

            Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ  Ҳусейнов Муҳаммадтолиб ба раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои дастгирии бевоситаашон дар баргузории маҳфили мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Зимни баромади худ Ҳусенов М. қайд кард, ки боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар хеле калон мебошад, зеро Пешвои миллат борҳо иброз менамоянд, ки мо соҳиби давлати мустақил ҳастем ва фарзандони мо, яъне наврасону ҷавонон бояд ба хотири таҳкими Истиқлолият ва пешрафту тараққиёти давлат инчунин, ба кишварҳои муттамадин баробар гардонидани Тоҷикистон дорои донишу маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир, ахлоқи ҳамида ва ватандӯсту ватанпарвар бошанд.

       Дар охир, донишҷӯёни донишкада ва аъзои маҳфили Пайравони Пешвои миллат порчаҳои шеърӣ қироат намуда, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ҳаҷвиро барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва бедор намудани  ҳисси ватандӯстии ҷавонон барои ҳозирин барномаҳои ҷолиберо пешкаш намуданд.