logo

       18-уми апрели соли 2020 дар толори китобхонаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конфронси зикргардида дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 таҳти рақами 156 “Дар бораи баргузор намудани “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2020 таҳти рақами №09/2-71 ва Нақша-чорабиниҳои донишкада, ки бо фармоиши ректори донишкада тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

      Конфронси зикршударо сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қаландарова Г. бо сухани ифтитоҳи кушода, меҳмонон ва аҳли толорро хайра мақдам гуфтанд. Сипас, қайд намуданд, ки дар ин ҷо ба ёд овардани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳамият ва нақши мақомоти гумрук ба маврид мебошад: “Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуогуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад”.

       Масъалаи таъсис ва ташкили мақомоти гумрук дар давлати навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз дар Иҷлосияи таърихии XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд, ки дар натиҷаи он 25 ноябри соли 1992 аввалин Кодскси гумруки давлати тозаистиқлол ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул карда шуд.

      Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хусусан Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил намудани низоми мақомоти гумрукии кишвар нақши босазо иҷро намуданд. Дар асос ва барои иҷрои самараноки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ номгўи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардид, ки на танҳо самтҳои мухталифи фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, балки тамоми муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба фаъолияти гумрукиро мавриди танзим қарор доданд.

       Мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

      Воқеан мақомоти гумрук дар баробари таъмин намудани амнияти иқтисодии кишвар дар доираи салоҳияти худ инчунин  вазифаи масъули зеринро, аз қабили: таъмин намудани ҳаёт ва саломатии инсон; амнияти миллӣ; ҳифзи сарватҳои таърихиву фарҳангӣ; танзими фаъолияти савдои хориҷӣ; мубориза бар зидди қочоқ ва ваиронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ, пур намудани буҷаи ҷумҳурӣ ва ҳоказоро иҷро менамояд.

      Бинобар ин, чунин чорабиниҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ имконият медиҳанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти гумрук таклифу дархостҳои илман асоснок пешиҳод карда шаванд.

       Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук Абдуқодиров Ҷамшед бо мавзўи «Такмили назорати гумрукӣ» баромд намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки назорати гумрукиро бидуни алоқаи ногусастани бо барасмиятдарории гумрукӣ тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

      Дар ин бахши фаъолияти гумрукӣ нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва ватанӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ шуданд. Мутобиқи моддаи 13 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарорӣ зарури аз 10 номгўй ба 5-то кам карда шуд. Ҳамзамон, дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон боби нав бо номи танзимгари ваколатдор ҷорӣ карда шудааст.

       Полковники Хадамоти гумрук Розиев Саидҷаъфар бо мавзўи «Танзими тарифии фаъолияти гумрукӣ» баромад намуда, қайд карданд, ки аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши фаъолияти гумрукӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қабул шуданд. Танзими тарифии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нишондодҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба амал бароварда мешаванд.

      Ислоҳоти фаъолияти иқтисодии (савдои) хориҷӣ ҳамчун предмети идоракунии мақомоти гумрукии кишвар тақозои такмили минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукиро ба миён овард.   Бинобар ин, 3 декабри соли 2004 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шуд, ки ба принсип ва меъёрҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ва Конвенсияи Киото оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи Киото аз соли 1999) мутобиқ гардонида шудааст.

       Декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Соибов З.М. дар мавзўи «Ташаккули шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд карданд, ки  таъсисёбии мақомоти гумрук бо ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи бевосита дорад.

      22 январи соли 1992 дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Саридораи назорати гумрукӣ таъсис дода шуда, баъдан дар доираи барномаи ислоҳоти идораи давлатӣ, сохтори мақомоти гумрук якчанд маротиба тағйир дода шуд ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт.

       Муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи донишкада Шоҳназари Х.Ғ. бо мавзўи “Мақсад ва вазифаҳои равзанаи ягонаи мақомоти гумрук ва тартиби истифодабарии он аз ҷониби иштирокчиёни ФСХ” баромад намуда, қайд карданд, ки таъсиси равзанаи ягона имконият медиҳад, ки муомилоти ҳуҷҷатгузори пурра тариқи низоми электронӣ бо кам намудани ҳиссаи иштироки шахсӣ дар чорабиниҳои муҳими фаъолияти гумрукӣ баргузор гардад ва ҳамин тариқ сатҳи амалҳои номатлуб ба маротиб коҳиш ёбад.

      Донишҷўи курси 4-уми шуъбаи рўзонаи ихтисоси 1-96010101 Хоҷаев Сафаралӣ бо мавзўи “Низоми Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, аз аҳамият ва моҳият ин шохаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар таъмин намудани амнияти иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии қочоқ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ғани гардонидани буҷети давлатӣ ва ҳоказо сўҳбат намуд.

       Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ байни иштирокчиёни конфронс баҳсу мунозираҳои судманд баргузор гардид.