logo

САРАЗМ-ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

17-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои донишкадавӣ, бахшида 5500-солагии Саразми бостонӣ конфронси илмӣ-назариявӣ ва фарҳангию фарғатӣ дар мавзӯи “Саразм-хазинаи тиллоии халқи тоҷик” аз ҷониби Литсейи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки меҳмонон, устодону хонандагони листейи мазкур баргузор гардид.

        Конфронсро директори литсей Мирзоев Бобо оғоз намуда, ба меҳмононро аз номи роҳбарияти донишкада хайрамақдам гуфтанд. Дар идомаи баромади хеш директори литсей қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 иброз намуда буданд, ки “Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем.

            Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем”. Бо такя ба эҳёи ёдгориҳои таърихии кишварамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва таҷлили бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ, раёсати Литсейи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат тасмим гирифт, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, конфронси илмӣ-назариявиро баргузор намояд.

            Ҳукумати кишвар аз соли 2000 – ум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон — “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”-ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад”.

        Фахри тамоми тоҷикон аст, ки 31- уми июли соли 2010 шаҳри Саразми бостонӣ, ҳамчун нахустин ёдгорӣ ва мероси таърихии тоҷикон, ба феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур маҳз барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ин васила дар шуури ҷавонону наврасон ҷойгир намудани таърихи гузаштаи худ, инчунин муаррифии таърихи бою пурғановати миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

           Гузашта аз ин, мамнунгоҳи Саразм минбаъд ба яке аз нуқтаҳои муҳимтарини сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт, ки мо устодону хонандагони Литсейи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мебояд дар муаррифии ҳар чӣ бештари ин объекти муҳими сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар саҳмгузор бошем ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон бо ин васила саҳми хешро гузорем.

         Дар идомаи чорабини  Худоиев А.Б. – сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилоти Кллеҷи тиббии ноҳияи Рудакӣ дар мавзӯи “Нақши олимони тоҷик дар рушди омӯзиши таърихи инкишофи Саразми Бостонӣ” ва Носиров С. – муовини директори Литсейи мазкур дар мавзӯи “Саразм – ганҷинаи бебаҳои таърихи мардуми тоҷик” маърӯза намуданд.

         Сипас, хонандагони литсей аз таърихи инкишофи Саразми Бостонӣ лаҳзаҳои фарҳангӣ фароғатӣ ва қироати шеърҳо пешниҳод намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Баргузории чунин намуди чорабиниҳои илмӣ ва озмунҳо ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ, минбаъд низ аз ҷониби Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар назар дошта шудааст.