logo

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

17 апрели соли 2020 дар толори хониши Китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ  ва хизмат бо ибтикори Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишкада,  семинари  илми-назарияӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати мамлакат-ҳадафи чоруми миллӣ” бо иштироки доираи васеи устодону донишҷуён баргузор гардид. Дар  кори семинар сардори раёсати илм ва инноватсияи донишкада номзади илҳои иқтисод, дотсент Қаландарова Г.С., дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдалимов А.А., раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишкада Қозиев Д., роҳбарони маҳфилҳои ҳамаи кафедраҳо ва сардорони гуруҳҳои таълимӣ-академӣ, инчунин донишҷӯёни фаъоли донишкада иштирок намуданд.

Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Қаландарова Г.С. ба кори семинар оғоз бахшида, фаъолияти ҶИД-и донишкадаро дар самти баргузории чорабиниҳои илмӣ бориз арзёбӣ намуданд. Мавсуф аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёмашон 29 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”, ёдовар шуда, ташкил намудани чорабиниҳои гуногуни илмиро вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ муҳим ва зарурӣ шумориданд.

Дар семинари илми-назариявӣ доир ба мавзӯи пешниҳодшуда донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ” Муборакшоева Медина дар мавзӯи “Нақши соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери роҳбарии ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идора Қозиев Д.А. баромад намуд. Донишҷӯи курси 1 уми ихтисоси “Иқтисодӣ ҷаҳон” Асламов Меҳроҷиддин дар мавзӯи “Нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии ассистети кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилаӣ Салимов Манучеҳр баромад намуд.

Ҳамин тавр, донишҷӯёни дигар зери роҳбарии устодони дошишкада дар корӣ семинар иштирок намуданд ва ба саволҳои аз ҷониби устодон ва иштирокчиён пешниҳодшуда ҷавобҳои қонеъкунанда гардониданд.

Дар охири маҳфил сардори шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада дотсент Қаландарова Г.С ба  дараҷаи баромади маърузачиён баҳои баланд дода, аз донишҷуён хоҳиш намуд, ки дар маҳфилҳои илмии дигар кафедраҳо низ фаъолона  иштирок  намоянд.