logo

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкада

Ҳамасола дар сартосари ҷумҳурӣ дар санаи 21 сентябри соли 2019  Рӯзи Рӯдакӣ қайд карда мешавад. Ба ин муносибат санаи – 20 сентябри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти Одамушшуаро, сардафтари адабиёти форсу тоҷик — Абуабдулло Рӯдакӣ маҳфили дӯстдорони шеъру адаб бо иштироки оммаи васеи донишҷӯёну хонандагон доир гардид.  Чорабиниро Хоркашов  И.С.- муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз бузургдошти Абуабдуллои Рӯдакӣ – устоди шоирони тоҷикзабон ёдовар шуданд.

Сипас дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Сангинова Р. ва донишҷӯёни донишкада оид ба рӯзгор ва осори адабии устод Рӯдакӣ маърӯзаҳо қироат намуданд. Ҳамчунин хонандагону донишҷӯён ва аъзои дастаи ҳунарии донишкада аз осори устод Абуабдуллои Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуда, барои ҳозирин барномаи ҷолибӣ адабиро пешкаш намуданд. Маҳфили адабӣ бо сухани хотимавии д.и.ф., мудири кафедраи забони тоҷикӣ Кабиров Х.Ш. ва бо таманиёти омӯзиши бештари осори адибони классикии тоҷик ба охир расид.


snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflake snowflakeWordpress snowstorm powered by nksnow