logo

ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО БО ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Санаи 10-уми апрели соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон”, конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Омодасозии кадрҳо бо ҳадафи рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

       Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи кории “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон”, доктори илмҳои филологӣ Саидзода Ҳалимҷони Азиз, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рӯзизода Акрам Ҳамроқул, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қурбонов Абдукарим Абдухолиқович ширкат варзиданд.

       Конфронси илмӣ-амалиро ректори донишкада муҳтарам Асрорзода У.С. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба кори конфронс хайрамақдам гуфтанд.

       Ректори донишкада муҳтарам Асрорзода У.С. иброз доштанд: “Боиси ифтихору сарбаландист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳо, бахусус дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дарвоқеъ, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои умда ва афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, ба масъалаи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро омили калидии рушди соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ намуданд”.

      Ғайр аз ин, зикр карда шуд, ки “Инкишофи бемайлони бозори сайёҳӣ зарурати ҷорӣ намудани нигоҳи навро дар равандҳои таҳсилоти тахассусии сайёҳӣ ба миён меорад. Иброз дошта шуд, ки ҳолати омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ вобаста ба равандҳои рушди бозори сайёҳӣ мушкилотест, ки сари он бояд андеша кард. Аз ин ҷо зарурати бунёди шароитҳои муосири истифодаи технологияҳои пешқадами педагогии марбут ба рушди бозори сайёҳӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи он дар раванди таҳсилоти тахассусӣ ва такмили ихтисоси кормандон зурурат касб менамояд”.

      Баъдан аъзои гурӯҳи кории “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” муҳтарам Саидзода Ҳ. А., намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рӯзизода А.Ҳ., намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қурбонов А.А. суханронӣ намуданд.

      Дар идомаи ҷаласаи ифтитоҳӣ маърӯзаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қодиров Ф.С. дар мавзӯи “Таҳсилоти тахассусӣ ҳамчун шароити муҳим ва омили ҳалкунандаи рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон” шунида шуд. Номбурда доир ба самтҳои муҳими мукаммалсозии низоми таҳсилоти тахассусии соҳаи сайёҳӣ  ибрози андеша намуд. Ҳамчунин перомуни беҳдошти раванди таҳсилоти тахассусии мутахассисони ояндаи соҳаи сайёҳӣ андешаҳои худро иброз дошт.

       Баъдан дар идомаи кори ҷаласаи ифтитоҳӣ маърӯзаи донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-250103 «Иқтисодиёти ҷаҳон» Маҳмудова Зебо дар мавзӯи “Инкишофи сайёҳии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: тамоюл ва дурнамо” бо забони англисӣ шунида шуд.

       Дар интиҳои кори ҷаласаи ифтитоҳӣ музокира миёни иштирокчиёни конфронс сурат гирифт.

       Тибқи барнома, пас аз хӯроки нисфирӯзӣ кори конфронс дар чаҳор бахши алоҳида сурат гирифт.

      Ёдрас бояд шуд, ки вобаста вазъи имрӯзаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ бахши шарикони лоиҳа аз хориҷи кишвар тариқи онлайн ташкил карда шуд. Дар ин бахш аз 5 кишвари дунё, аз ҷумла Донишгоҳи илмҳои татбиқии Нидерланд, Донишгоҳи Портои Португалия, Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Россия, Донишгоҳи илмҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқшиносии Қазоқистон, Донишгоҳи авиатсионии Украина тариқи онлайн маърӯза намуданд.