logo

ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ-ТАРБИЯВӢ

       Санаи  09 апрели соли 2020 дар доираи Нақшаи-чорабиниҳои маърифатӣ-тарбиявӣ доир ба таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ бахусус ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода  инчунин, Шарифзода Хушбахт- сардори раёати тандурустии шаҳри Душанбе, Носиров Абдуалим Аҳтамович- мудири шуъбаи оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе, Шарифзода Манучеҳр Абдурасул мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ ва шоир Ворисӣ ҳамоиши маърифатӣ- тарбиявӣ байни устодону донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат доир гардид.

      Ҳамоиши мазкурро ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дотсент Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз намуда, ташрифи меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфтанд. Зимни баромади хеш ректори донишкада иброз доштанд, ки аз иқдомоти пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бевосита дар асоси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи дурусти ҷавонон маншаъ мегирад,  раёсати донишкада дар ҳамешагӣ ҷонибдорӣ менамояд ва ташкили чунин ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявиро зарур ва саривақтӣ мешуморад. Ректори донишкада итминони боварӣ намуданд, ки раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи Нақшаи чорабиниҳои дохилии тарбиявӣ чорабиниҳои мазкурро минбаъд низ идома дода, дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

      Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарама Муинӣ Мавсума Муинзода доир ба таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ бахусус ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим баромад намуданд.

       Дар идомаи ҳамоиш ширкаткунандагон Шарифзода Хушбахт- сардори раёати тандурустии шаҳри Душанбе, Носиров Абдуалим Аҳтамович- мудири шуъбаи оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе, Шарифзода Манучеҳр Абдурасул мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ ва шоир Ворисӣ бо баромадҳои ҷолиб таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд.

 

 

      Дар охир ректори донишкада муҳтарам Асрорзода У.С. аз меҳмонон даъват ба амал оварданд, ки нисбати баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ минбаъд низ бо Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар робита бошанд.