logo

КОРОНАВИРУС (COVID-19) – ВАБОИ АСРИ ХХI

       Бемории Коронавирус (COVID-19), бемории сирояткунандае мебошад, ки дар натиҷаи коронавирусӣ ба қарибӣ кашфшуда ба вуҷуд омадааст.

       Қисми аҳолии ҷаҳон, ки ба ин бемории сирояткунанда мубтало гаштаанд, аз бемории роҳи нафас шикоят мекунанд.

       Одамони калонсол ва онҳое, ки мушкилоти ҷиддии тиббӣ доранд, аз қабили бемориҳои дилу раг, диабет, сироятҳои музмини нафас ва саратон, эҳтимоли зиёди мубтало шудан ба ин бемориро доранд.

       Роҳи беҳтарини пешгирӣ ва суст кардани паҳншавии вируси COVID-19, ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба ин беморӣ доштан аст. Худ ва дигаронро аз сироят ёфтан ҳифз намуда, қоидаҳои риояи гигиениро аз қабили дастонро зуд-зуд шустан, бо дастони ношуста нарасидани рӯй ва ҳамеша аз воситаҳои гигиенӣ истифода намудан зарур мебошад.

       Вируси COVID-19 асосан тавассути қатраҳои луоби бинӣ паҳн гашта, вақте шахси сироятшуда сулфа ё атса мезанад, имкони зиёди гузаштани ин вабо ба шахси наздик дорад, аз ин рӯ, этикаи дуруст истифода намудани воситаҳои гигиениро њатман риоя бояд намуд.

       Дар айни замон ягон ваксина ё табобат барои COVID-19 мавҷуд нест. Бо вуҷуди ин, озмоишҳои зиёди клиникии ҷорӣ мавҷуданд, ки табобатҳои эҳтимолиро муайян мекунанд.

       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона ин намуди вирус, яъне коронавирус COVID-19 то ҳол ба қайд гирифта нашудааст ва баҳри пешгирии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза чораҳои мушаххас андешида истодааст.

 

САЛИМОВ Манучеҳр

Ассистенти кафедраи иқтисодиёти

ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДССХ