logo

БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВИИ ИҚТИСОДИЁТ

       28 марти соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт” дар доираи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, таҳти №156 дар пояи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити донишкада баргузор гардид.

       Дар конференсия масъалаҳои рӯзмарраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

      Конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Хоркашов Исломбек Сангакович  ифтитоҳ намуда, оид ба муҳимият ва рӯзмарра будани мавзӯи конфронс ибрози назар намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ки рушди муносибатҳои бозорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ворид намуд. Шароитҳои нави хоҷагидорӣ назари навро ба муносибатҳои иқтисодӣ талаб менамуданд. Ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагидориро фаро гирифт ва ба низоми баҳисобгирии муҳосибӣ низ дахл намуд. Самти муҳими ин ислоҳот татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) дар фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад.

      Бо мақсади мутобиқ гардонидани баҳисобгирии муҳосибӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) 14 ноябри соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори №428 “Оиди стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ”-ро қабул намуд. Бо ҳамин ислоҳоти системаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар мамлакат расман оғоз ёфт.

       Амалан дар мамлакат ислоҳоти системаи баҳисобгирии муҳосибӣ ба як масъалаи хеле мураккаб ва муддати тулонӣ ҳалшаванда табдил ёфт. Дар раванди он душвориҳои гуногуни назариявӣ ва методологӣ, монеъаҳои молиявӣ, равонӣ, кадрӣ ва ғайраҳо ба миён омаданд.

       Дар доираҳои илмӣ ва амалӣ баҳсу мунозираҳои зиёде оиди проблемаҳои ислоҳот ва гузариш ба СБҲМ ба миён омаданд. Дар воситаҳои ахбори умум ва адабиёти илмӣ маводҳои танқидии зиёде нашр шуданд. Ҳатто ҳис мешуд, ки муаллифони баъзеи чунин интишорот аз илми муҳосибӣ ба андозае дуранд.

       Бо мақсади равшанӣ андохтан ба муаммоҳои муосири баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит Донишкада тасмим гирифт конфронси мазкурро, ки имрӯз бо иштироки мутахассисони соҳа баргузор мегардад, ба нақша гирад.

      Сипас, дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия маърӯзаҳои д.и.и., профессор, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низомов С.Ф. дар мавзӯи “Муаммоҳои муосири рушди баҳисобгирӣ ва аудит дар Тоҷикистон: ҳолати муосир ва заминаҳои инкишоф”, Каримов Б.Ҳ. н.и.и., дотсент мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи “Баҳисобгирӣ дар олами ислом” ва Назаров Маҳмадятим донишҷӯи курси 3, ихтисоси “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо”-и донишкада дар мавзӯи “Баҳисобгирии натиҷаҳои молиявӣ ва андоз аз фоида” шунида шуд.

      Меҳмонон ва иштирокчиёни конференсия доир ба масъалаҳои дар маърӯзаҳо баррасишаванда баҳсу музокираҳо намуданд.

 

 

 

      Пас аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ конференсия кори худро дар нимаи дуюми рӯз дар бахшҳо идома дод.