logo

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – НИШОН АЗ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

       Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи Истиқлолият, Парчами миллӣ гашт. Хушбахтона ҳамасола чун анъана дар ин сана дар тамоми манотиқи кишвари маҳбубамон ҷашни Рўзи Парчами миллӣ қайд мегардад. Соли 2009 бошад, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24- ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда шуд ва ин санаи бузург ҳар сол дар кишвари мо бо тамоми шукуҳу шаҳомат таҷлил меёбад.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш, бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ чунин гуфтааст: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Дар ҳақиқат, парфишонии Парчами давлатӣ моро ба сӯи ояндаи неку дурахшон ва фардои ободу осуда роҳнамоӣ мекунад.

       Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи Истиқлолият боиси ифтихори ҳар фарди маскуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як шахси тоҷиктабори бурунмарзист. Куҳантарин парчами давлатдории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиён» мебошад, ки онро «Ахтари Ковиён» низ меноманд. Калимаҳои дирафш, парчам, алам, ливо, байрақ муродифи ҳам мебошанд. Мурод аз таҳлилу тафсири ин вожаҳо он аст, ки ҷавонони хушбахти имрӯзаи Тоҷикистони азиз, ба қадри муқаддасоти давлатии хеш бирасанд.

       Парчами миллати мо таърихи 3000 – сола дорад. Парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои қадимии давлатдорӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори давлату миллат ба ҳисоб меравад.

       Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода намуда, дар толори фарҳанги як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.

       Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, ки яке аз сохтори калидии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат буда, дар факултет бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ, ҳамчун гарави саломатӣ дар гурўҳҳои таълимӣ-академӣ миёни донишҷўёни курсҳои якум ва дуюм гузаронида мешаванд. Аз он ҷумла, бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ байни донишҷўён мусобиқаҳо оид ба футболи хурд, волейбол, сангбардорӣ, ҷаҳидан, турниккашӣ, дастхобонӣ бандкашӣ, тениси рўи миз ва дигар намуди варзиш гузаронида шуд.

       Дар фарҷоми чорабинӣ садорати факултет бозиҳои варзишии футболи хурд, тениси рӯи миз ва волеболро, ки ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ дар байни донишҷӯёни факултет доир гардида буд, ҷамъбаст намуда, ба дастаҳои ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо тақдим намуд.

       Ҳамин тавр, садорати факултет тамоми чорабиниҳои ба нақша гирифташударо ба пуррагӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ дар зери роҳбарии доимӣ ва пайвастаи маъмурияти донишкада ба иҷро расонида пешвоз ва таҷлили ҷашни «Рӯзи Парчам»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона таъмин намуд.

       Садорати факултет, устодону донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, таманнои онро менамоем, ки дар фазои сулҳободи кишвар, ҳамеша Парчами зебои тоҷикон болафшон бошад.

 

 

Сафоев Абдумаҷид Каримович

н.и.и., дотсент, декани факултети

соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон