logo

ИСТИҚЛОЛИЯТ – УСТУВОРИИ СИЁСӢ ВА ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ

       Истилоҳи истиқлолият ё истиқлолияти давлатӣ ин мустақилияти сиёсӣ, соҳибихтиёрӣ, набудани тобеият ва вобастагии миллат, халқ, давлат ё кишвар мебошад.

       Истилоҳи истиқлолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти хоҷагидорӣ маънии гуногунро дорад. Дар қонунҳои байналмилалӣ, истиқлолияти давлат бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз тарафи дигар давлатҳое, ки бо онҳо субъекти давлатӣ муносибатҳои дипломатӣ дорад ё надорад эътироф мегардад.

       Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истилоҳи «истиқлолият» принсипҳо ва институтҳои гуногуни ҳуқуқи конститутсиониро ифода мекунад. Барои давлат дар муносибатҳои хориҷӣ ин субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ, қисми ҳатмии соҳибихтиёрӣ, дар муносибатҳои дохилӣ — тақсимоти ваколатҳо мебошад. Барои шахс — мақоми ҳуқуқии шахс маҳсуб меёбад.

       Барои халқи заҳматкаш ва бунёдкору фарҳангофари тоҷик истилоҳи «Истиқлолият» маънии пурарзишро дорад, чунки ҳанўз бисту ҳашт сол муқаддам, воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик рух дод, ки ин расидан ба волотарин ва дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мустақилият ба ҳисоб меравад.

       Чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон қайд менамоянд: «Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳашт соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд».

       Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

       Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Бояд фаромуш насохт, ки миллати тоҷик аз қадимуллайём фарҳангдору фарҳангофарин, ибтикору бунёдкор ва заҳматкашу ободкор буд.

       Истиқлолият барои мо бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, рамзи олии ватану ватандорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

       Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

       Душвортарин муаммои мо дар тўли истиқлолият ин ҳалшавии мақсадҳои стратегии мамлакат мебошад, ки масъалаи истиқлолияти энергетикӣ яке аз онҳо мебошад. Раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ  дорад.

       Умуман, лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо самараи неки истиқлол имрўзҳо Тоҷикистонро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

       Бигузор истиқлолият, сулҳу Ваҳдат ва тинҷиву оромӣ дар хонадонҳои ҳар яки мо алалхусус дар кишвари ба ҷон баробарамон ҳамешагӣ, пойдор ва абадӣ бошад.

 

 

 

Декани факултети соҳибкорӣ ва

иқтисодиёти ҷаҳон, н.и.и., дотсент

А.К. Сафоев