logo

АНҶУМАНИ НАВРӮЗӢ ДАР ДОНИШКАДА

       19 марти соли 2020 дар майдончаи варзишии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Ҳама ҷо анҷумани наврӯзӣ аст…”, бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ-2020” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада, устодону кормандон, магистрантону донишҷӯён ва хонандагони Литсей иштирок намуданд.

      Бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор чорабинии фарҳангии наврӯзиро расман оғоз бахшида, ҳамагонро ба Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки мужда аз омад-омади баҳори гулфишон медиҳад, табрику таҳният намуданд. Аз ҷумла, ректори донишкада зимни суханронии табрикотии хеш иброз доштанд, ки Наврӯзи ниёгон, ки аз омадани баҳори оламафрӯз мужда медиҳад, бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил карда шуд ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмааи 64-уми Анҷумани кулли Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон кард ва имрӯз Наврӯзи байналмилалӣ дар сар то сари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ки боиси ифтихори ҳар як фарзанди ватандусти миллат мебошад.

      Инчунин, ректори донишкада аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, ки санаи 18 марти соли 2020 дар МД Кохи Борбад баргузор гардид, ёдовар шуда иброз доштанд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созандаи аҳли зиёи мамлакат итминони комил доранд ва эҳёи ҷашнҳои миллиро маҳз ба таҳқиқотҳои арзишманди онҳо рабт медонанд.

       Дар идомаи баромади хеш ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан сайёҳон ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.

      Боварии комил дорам, ки коллективи бисёрнафараи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо истифода аз файзу баракати Наврӯз бо дасту дили гарм, азму иродаи қавӣ барои рӯзгори сарсабзу пурсаодат ва ободии диёрамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

      Бо фармоиши ректори донишкада байни факултетҳо ва литсейи донишкада озмуни “Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ” эълон шуда буд, ки озмуни мазкур дар сатҳи ниҳоят баланд ташкил ва баргузор гардид.

       Аз ду тарафи майдонча панҷ факултет ва литсейи донишкада дастурхони наврӯзӣ ороста, гирду атрофи майдончаи варзиширо бо шиору овезаҳои идона ороиш дода, хӯрокҳои миллӣ ва сумалак омода карда буданд. Дар баробари оростани ҳафт сину ҳафт шин аз ҷониби сабқаткунандагон, намоиши расму русуми миллии аҷдодӣ аз эҷодиёти хонандагону донишҷӯён ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

      Барои баҳогузории одилона ба заҳмати устодону донишҷӯён ва хонандагон дар раванди ташкили “Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ”, Комиссияи озмунӣ бо дархости роҳбарият аз беруни донишкада таъсис дода шуд. Аз ҷумла, раисии озмуни мазкурро Каримзода Сироҷиддин – мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Фирдавсӣ бар уҳда дошт.

      Тибқи Низомномаи озмун, дар баробари оростани дастурхони наврӯзӣ ва намоиши либосу ашёҳои миллӣ, инчунин аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин маликаи наврӯзӣ ва бобои деҳқон, рақс, суруд, саҳнача ва байтбарак  ташкил карда шуд, ки тибқи барнома ба навбат ҳар як сабқаткунанда баромад намуданд.

      Натиҷаи озмуни “Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ” аз ҷониби ҳайати Комиссия ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд ва маблағҳои пулӣ дар Шӯрои олимони навбатии донишкада қадрдонӣ карда мешаванд.

 

 

 

 

      Дастаи ансамбли “Соҳибкор”-и назди Донишкада низ бо суруду таронаҳои ҷаззоби худ, дар “Анҷумани наврӯзи донишкада” табъи ҳозиринро хушу болида гардонид.