logo

РАВАНДИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН – ТИБҚИ ТАЛАБОТ ТАШКИЛ КАРДА ШУД

       Таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўёни курси панҷум қисми таркибии нақшаи таълимии ихтисоси 1-96010102-Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ буда, муҳлати он аз 4 ҳафта иборат мебошад. Хусусан, таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар ин самт аҳамияти хосса дорад. Зеро донишҷўёни курси панҷум ба таҷрибаомўзӣ ҷалб гардида, донишҳои андўхтаашонро дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он сайқал медиҳанд. Онҳо зимни таҷрибаомўзӣ бо асноди қонунгузории гумрукӣ, воридот ва содироти молу воситаҳои нақлиёт ошно гардида, малакаҳои нахустини корӣ ва соҳавиро касб менамоянд.

        Дар асоси барномаи таълимии ихтисоси мазкур дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, тибқи фармоиши ректори Донишкадаи сайёҳӣ,  соҳибкорӣ ва хизмат, аз 17.02.2020 то 14.03.2020 сол таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўёни курси 5-ум баргузор гардид.

       Асосан раванди таҷрибаомӯзии донишҷўёни ихтисоси 1-96010102-Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

       Раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро устодони кафедра Нодиров Ф.М., Сафаров И.Д., Орипов А.С., Шоҳназари Х.Ғ., Холиқова М.Ғ. роҳбарӣ намуданд.

      Дар рафти таҷрибаомўзӣ донишҷўён бо Оинномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он ошно гардида, дониши андўхтаи хешро мустаҳкам намуданд. Бояд гуфт, ки роҳбарони таҷрибаомўзӣ аз кафедра дар доираи имкониятҳо аз аҳволи донишҷўён ва рафти таҷрибаомўзӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он хабардор мешуданд ва барои риоя намудани муқаррароти дохилии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он аз ҷониби роҳбарони соҳавӣ ягон эрод ба кафедра ворид нашуд.

      Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки рафти таҷрибаомўзӣ аз ҷониби роҳбари таҷрибаомўзии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Рустамов Раҳим Умаршоевич таҳти назорат қарор дода шуд ва худи ў барои назорат якчанд маротиба ба сохторҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

      Дар маҷмўъ донишҷўён барномаи таҷрибаомўзиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намуда, аз ҷониби мутасаддиёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд гирифтанд.