logo

ИНТИХОБОТ НИШОНАИ КАМОЛОТИ ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ВА НАЗМУ СУБОТИ БАРДАВОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

       Ҳуқуқ ба интихобот муҳимтарин ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон буда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонаш иштирок намоянд.

       Инсоният аз ибтидо барои ба даст овардани маҳз ҳуқуқи интихоботӣ мубориза намудааст. Хушбахтона, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳуқуқи меҳварии шаҳрванд ҳуқуқ ба интихобот дарҷ гардидааст (м. 27 Конститутсияи ҶТ).

       Шаҳрванд аз синни 18  солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

       Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 декабри соли 1999, №857  интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди нисоб (квота) муқаррар карда намешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.

       1 марти соли 2020 ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди дар амал татбиқ шудани принсипҳои дар боло зикршуда гардиданд. Воқеан, интихобот дар рўҳияи баланди худшиносӣ, хештандорӣ ва ҳисси баланди ватандўстӣ баргузор гардид. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ борҳо шоҳиди дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи гуногуни давлатӣ гашта бошем ҳам, таҷрибаи рўзи 1 март, рўзи якуми баҳор ва ба эътимоди халқ «соле, ки накуст аз баҳораш пайдост» бесобиқа буд. Барои мисол, чунин далелро овардан мумкин аст, ки аз миқдори умумии интихобкунандагон, яъне аз 4,9 миллион нафари сабти номшуда,  4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар, ё ин ки 86,4%-и онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.

       Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихобот 3450 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар хориҷи мамлакат ташкил дода шуд.

       1 март роҳбари ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лебедев   аз як участкаи интихоботии  Душанбе дидан карда, гуфтааст, ки иштироки фаъоли интихобкунандагон  аз  ҳавасмандии сиёсии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот шаҳодат медиҳад.  Ҳамзамон, тазаккур дод мавсуф: «Дар интихоботи баргузоршуда мо мушоҳида кардем, ки мардум ба кӣ овоз доданашро мебинад, номзадро меомўзад, ки оё ин ё он номзад ваъдаашро иҷро карда метавонад?» ва илова намуд, ки ҷавонон дар ин чорабинии сиёсӣ бисёр фаъолона ширкат варзиданд.

       Ба иттилои намояндаи шабакаи телевизионии «МИР-24» Вера Исмоилова интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар фазои идона ва бо иштироки cатҳи баланди шаҳрвандон баргузор гардид. То нимаи рўзи 1 март, беш аз 75% овоздиҳандагон дар интихобот иштирок намуданд, қайд намуд мавсуф.

       Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5% ва ё зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд соҳиби мандати вакилӣ шуданд. Аз ҷумла, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон бо 16,50% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо 5,10% 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15 %  1 мандати вакилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо 50,40% 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

       Барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нозирон аз САҲА, ИДМ, СҲШ ва аз дигар институтҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирок намуда, онро шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф намуданд.

       Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва хусусан ҷавонон дар интихобот аз нишонаи камолоти фарҳанги сиёсии аҳли ҷомеа ва ҳисси баланди масъулиятшиносии мардум дар таъмин намудани пойдории Истиқлолияти давлатӣ, амният ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мегардад.

       Дар чунин сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории бештари мардуми кишвар ба ҲХДТ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи шарифи Тоҷикистон атрофи ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз пештар муттаҳид шуда, сиёсати хирадмандонаи ин марди шарифро дар амал татбиқ хоҳанд кард.

                                                      Хоркашов И.С. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия 

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

Нодиров Ф.М. – мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат