logo

САРАЗМ-ГАҲВОРАИ ТАМАДДУНИ ШАҲРСОЗӢ, ЗИРОАТКОРӢ ВА ҲУНАРМАНДИИ МАРДУМИ ОРИЁӢ

          14-уми марти соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соњибкорӣ ва хизмат дар доираи иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои донишкадавӣ, бахшида 5500-солагии Саразми бостонӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Саразм-гаҳвораи тамаддуни шаҳрсозӣ, зироаткорӣ ва ҳунармандии мардуми ориёӣ” бо иштироки устодону магистрантон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дотсент Хоркашов И.С. оғоз намуда, ба мутасаддиёни баргузории конфронс, ки устодони кафедраи фалсафа ва таърих маҳсуб меёфтанд аз номи роҳбарияти донишкада изҳори ташаккур гуфт. Дар идомаи баромади хеш муовини ректор қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 иброз намуда буданд, ки “Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем.
Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.
Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем”.
Бо такя ба эҳёи ёдгориҳои таърихии кишварамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва таҷлили бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ, Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат тасмим гирифт, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, конфронси илмӣ-назариявиро баргузор намояд.
Ҳукумати кишвар аз соли 2000 – ум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази

ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон — “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”-ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад”.
Фахри тамоми тоҷикон аст, ки 31- уми июли соли 2010 шаҳри Саразми бостонӣ, ҳамчун нахустин ёдгорӣ ва мероси таърихии тоҷикон, ба феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур маҳз барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ин васила дар шуури ҷавонону наврасон ҷойгир намудани таърихи гузаштаи худ, инчунин муаррифии таърихи бою пурғановати миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Гузашта аз ин, мамнунгоҳи Саразм минбаъд ба яке аз нуқтаҳои муҳимтарини сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт, ки мо устодону донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ соҳибкорӣ ва хизматро мебояд дар муаррифии ҳар чӣ бештари ин объекти муҳими сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар саҳмгузор бошем ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон бо ин васила саҳми хешро гузорем.
Сипас, профессори кафедраи фалсафа ва таърих Ҳотамов Н.Б. дар мавзӯи “Мавқеи Саразм дар таърихи халқи тољик”, Ҳаитов Ф.Қ. номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва таърих дар мавзӯи “Саразм ва эҳёи хотираи таърихии миллати тољик”, Ҳабибов С.И. ассистенти кафедраи фалсафа ва таърих дар мавзӯи “Мақоми Саразми бостон дар тамаддуни ҷаҳон” ва Шарипов М. донишљӯи соли сеюми донишкада дар мавзӯи “Саразм ва инкишофи ҳунармандӣ” баромад намуданд. Профессори кафедраи фалсафа ва таърихи донишкада Ҳотамов Н.Б. дар баробари пешниҳоди маърӯзаи худ, доир ба натиљаи сафари чандрӯзаи анҷомдода ба ин шаҳри қадима бо пешниҳоди навору суратҳо аз ин мавзеъ маълумот доданд.
Дар фарљоми конфронс магистрантону донишҷӯён ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ ҷавобҳои мушаххас пайдо намуданд.
Баргузории чунин намуди чорабиниҳои илмӣ ва озмунҳо ба ифтихори таљлили бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ, минбаъд низ аз ҷониби Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар назар дошта шудааст.