logo

ҲАФТАИ КАФЕДРАИ МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ ВА АНДОЗБАНДӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар асоси «Нақшаи баргузории ҳафтаи кафедраҳои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар Китобхонаи илмии донишкада барои соли таҳсили 2019-2020» аз санаи 02-юм то 07-уми марти соли ҷорӣ ҳафтаи кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ бо ташкили чорабиниҳои гуногун дар Китобхонаи илмии донишкада тибқи нақша-чорабинии кафедравӣ ҷамъбаст гардид.

Ифтитоҳи ҳафтаи кафедраро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дотсент Хоркашов И.С. ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳимият ва ташкилу баргузорнамоии чунин чорабиниҳо ибрози андеша намуд. Вобаста ба омодагӣ, ташкил ва баргузории ҳафтаи кафедра дар Китобхонаи илмии донишкада Хоркашов И.С. баҳои баланд дода,  ба масъулини кафедра барои бештар ҷалб намудани донишҷӯёни дигар ихтисосҳои донишкада ба чорабиниҳои илмии дарназардошташуда дастуру супоришҳо доданд.

Санаи 02-юми марти соли 2020 дар Китобхонаи илмии донишкада вобаста ба ихтисосҳои зертобеи кафедра шиору овезаҳо, аз қабили иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мақсади асосии сиёсати андозу буҷет, сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идоракунии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таркиби гуруҳбандии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Ҳамчунин, вобаста ба фанҳое, ки аз ҷониби кафедра дар тамоми ихтисосҳои донишкада таълим дода мешаванд, адабиёти таълимиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷудо намуда, дар ду рафи китобмонӣ гузошта шуд, ки муддати ҳафта донишҷӯён оиди имкониятҳои васеи китобхона боз ҳам маълумоти муфассал гирифтанд.

Тибқи нақша сарпарастони гуруҳҳои таълимӣ-академии ихтисосҳои зертобеи кафедра номгӯи донишҷӯёни курсҳои якумро, ки ба китобхона аъзо гардидаанд, тартиб дода, дар ҷузвдонҳои кураторӣ гузоштанд. Ҳамчунин ба донишҷӯён бори дигар тартиботи дохилии китобхона шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Санаи 04-уми марти соли 2020 бо иштироки ҳайати устодон, донишҷӯён, магистрантон ва кормандони донишкада семинари илмӣ-назариявии кафедра дар мавзӯи «Идоракунии назорати пардохти андоз ҳамчун механизми таъмини иҷрои уҳдадорӣ дар шароити муосир» баргузор гардид. Дар кори семинар устодони кафедра ва донишкада иштирок карда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Доир ба мавзӯи «Идоракунии гаронии андоз ва механизми муайянсозии он» муаллими калони кафедра Баҳромов Ф.Б. баромад намуда, қайд карданд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ давлат бояд ба иқтисодиёт таъсир расонида, ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам орад. Аз ҷониби дигар гӯем, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани вазифаҳо барои давлат захираҳои зарурии молиявӣ зарур аст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ барои ташаккул додани захираҳои давлатии молиявӣ ҳиссаи даромади субъектҳои иқтисодиёт мусодира карда мешаванд. Маҳз ҳамин даромади мусодирагардида соҳибашро дигар карда, ба андоз табдил меёбад.

Дар анҷоми кори семинар дотсентҳо Хоркашов И.С., Раҳимов О.Н., Насирдинов И.М., Исломова З.С., Кенҷаева Р.Ҳ., Ҳабибуллоев М.Ҳ., муаллимони калон Маҳмудов Ҷ.Б., Юсупова З.И., Ҳамидова Г.А., Тағоев Б.Ш., Орипов А.С., Баҳромов Ф.Б., Имомов М.Қ., Хидиралиев Р.З. ва дигарон музокирот намуда, бо назардошти таҷрибаи хориҷӣ муайянсозӣ ва идоракунии гаронии андозро муҳимтарин механизм дар самти паст намудани ин нишондиҳанда ҳисобиданд. Зеро нишондиҳандаи имконпазири гаронии андоз дар сатҳи микро ва макро пеш аз ҳама аз сатҳи уҳдадорие, ки давлат нисбат ба истиқоматкунандагони мушаххас ва дар маҷмуъ нисбат ба иқтисодиёт ба зиммаи худ мегирад, вобаста аст. Яъне, сатҳи гаронии андоз ҳиссаи иштироки давлатро дар хароҷоти аҳолӣ ҷиҳати пардохти хизматрасониҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, коммуналӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва дигар барномаҳо вобаста аст.

Ҳамчунин, санаи 04-уми март соати 1400 дар Китобхонаи илмии донишкада нишасти илмӣ байни донишҷӯёни фаъол дар мавзӯи «Усулҳои идоракунии воситаҳои пулӣ ва сармоя дар шароити муосир» баргузор гардид. Кори нишасти илмиро муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ Имомов Муродалӣ Қурбонмаҳмадович пеш бурданд. Дар нишасти илмӣ устодон Раҳимов О.Н., Кенҷаева Р.Ҳ., Баҳромов Ф.Б., Ҳамидова Г.А., Хидиралиев Р.З., Юсупова З.И., Маҳмудов Ҷ.Б., инчунин донишҷӯёни фаъол ва хоҳишмандон аз ҳамаи ихтисосҳо иштирок намуданд.

Мақсади асосии нишасти илмӣ – ин дар ташаккули зеҳнии донишҷӯён фароҳам овардани қобилияти фикрронӣ ва пешниҳодсозии фикру ақидаҳо дар масъалаҳои матраҳшаванда мебошад. Бо ташкил намудани чунин нишастҳои илмӣ мо метавонем дар ташаккули зеҳнии донишҷӯён нақши бузург гузорем. Дар рафти нишаст донишҷӯён фикру ақидаҳои худро доир ба ташкили усул ва механизмҳои нави идоракунии воситаҳои пулӣ ва сармоя дар шароити муосир иброз доштанд. Дар кори нишаст устодон низ баромад намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба хусусиятҳои идоракунии воситаҳои пулӣ ва сармоя дар шароити муосир ва усулҳои самаранокии онҳо иброз доштанд.

Санаи 06-уми март соати 1000 маҳфили илми донишҷӯёни кафедра «Боҷу хироҷ» дар мавзӯи «Муаммоҳои идоракунии қарзи давлатӣ дар шароити имрӯза» баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ» Қурбонов Манучеҳр ва Раҳмонов Фаридун баромад намуданд. Тибци иттилои баромадкунандагон дар шароити имрӯза дар ҷаҳон давлате нест, ки бидуни қарзи давлатӣ фаъолият намояд, зеро давлатҳо ба воситаи гирифтани қарзҳо аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои пурқудрат ба иқтисодиёти мамлакати худ таъсир мерасонанд. Дар фарҷоми маҳфил вобаста ба идоракунии қарзи давлатӣ ва муаммоҳои он дар шароити муосир байни донишҷӯён ва дигар иштироккунандагон саволу ҷавоб баргузор гардид.

Дар баробари ҳамаи ин чорабиниҳои баргузоргардида санаи 02-юми март бахшида ба муносибати «Рӯзи Модар» озмуни реферати беҳтарин дар мавзӯи «Қадри Модар» эълон карда шуд. Дар озмуни мазкур 14 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун, ки санаи 07-уми март баргузор гардид, ҳамаи маводҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, донишҷӯёни зерин бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд:

1) Файзуллоев С., донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ», таҳсили рӯзона бо забони тоҷикӣ – ҷойи I-ум;

2) Қурбонова Ш., донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ», таҳсили рӯзона бо забони тоҷикӣ – ҷойи II-юм;

3) Беков Х., донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ», таҳсили рӯзона бо забони тоҷикӣ – ҷойи III-юм.

Ҳамин тавр, ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур сӯҳбату маслиҳати устодони кафедра бо донишҷӯён, намоиши китобҳои дарсӣ, ҷалбу шиносоии боз ҳам зиёдтари донишҷӯён ба китобҳои илмию бадеӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию омодагии касбии донишҷӯён мебошад.

Кафедра тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ баргузории чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро дар донишкада ба таври мунтазам идома дода, баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифатнокии донишҷӯён чораандешӣ менамояд.