logo

ФАРИШТАГОНИ МЕҲР…

          Зери чунин унвон санаи 06 марти соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат чорабинии сатҳи баланд, ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи «Рӯзи модар» бо иштироки доираи васеи бонувон ва донишҷӯдухтарони донишкада баргузор гардид.
Ҷамъомадро ректори донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба таваҷҷӯҳи хоссаи Роҳбарияти олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа ибрози андеша намуданд.Қайд гардид, ки дар раванди татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии занону бонувон, раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ки айни замон дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 150 нафар занону бонувон фаъолият менамоянд, таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро ҷиҳати баландбардории шароити иҷтимоии онҳо равона месозад. Мо кӯшиш менамоем, ки тамоми имконоту захираҳои

мавҷудаи донишкада, бобати муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият истифода карда шаванд. Боварии комил дорам, ки занону бонувони муҳтарами донишкада, тамоми саъю кӯшиши худро баҳри тарбияи дурусти ҷавонон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос сарф менамоянд ва дар ояндаи наздик Донишкадаро ба яке аз муассисаҳои пешсаф дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ менамоянд, иброз доштанд Ректори донишкада.

Дастаи ҳунарии донишҷӯёни ансамбли «Соҳибкор»-и донишкада бо барномаи хеле зебою дилнишин ва диданӣ, ки аз намоишномаи театрикунонидашуда ва сурудҳо дар васфи Модар-Ватан иборат буд, табъу руҳи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад фармоиши ректори донишкада дар бораи қадрдонӣ намудани занону донишҷдухтарон — фаъолону собиқадорон, аз ҷониби сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада ироа гардида, ба онҳо туҳфаҳо ва «Ифтихорнома»-ҳои идонаи роҳбарияти донишкада супорида шуд.