logo

МАҲФИЛИ «МАРКЕТОЛОГИ ҶАВОН» БАРГУЗОР ГАРДИД

28 феврали соли ҷорӣ дар бинои таълимии №1, синфхонаи №12 маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат “Маркетологи ҷавон” бо иштироки устодон, аъзоёни маҳфил ва донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва 4-уми ихтисосҳои зертобеи кафедра баргузор гардид.

Роҳбари маҳфил, устоди калони кафедра Хуҷамов А.К. маҳфилро  ифтитоҳ намуда, баъдан баромади донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-26020200 -Менеҷмент Латипов Фирдавс дар мавзӯи “Барномаи мобилии “РОҲНАМО (интихоби ихтисос)” шунида шуд. Зимни баромади ӯ қайд гардид, ки аз сабаби он ки аксарияти довталабон дар интихоби ихтисос мушкилӣ мекашанд ва ё ихтисоси ояндаашонро тасодуфӣ интихоб менамоянд, ман зарур донистам, ки чунин барномаи мобилиро омода намоям, ки ҳамчун роҳнамо барои интихоби дурусти ихтисосҳои талаби замон хизмат намояд. Дар барнома 29 то саволҳои равонӣ ҷойгир карда шудааст, ки баъди ба ин саволҳо ҷавоб додани Шумо барнома ба таври худкор ба кадом ихтисос мувофиқ будани Шуморо муайян менамояд. Оид ба баромади аввал саволҳои зиёде дода шуд ва аз тарафи баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Баромади дуюм аз ҷониби донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-26010100 Идораи давлатӣ” Аҳмадова Фархунда дар мавзӯи “Низоми менеҷменти мамлакатҳои хориҷа (дар мисоли Ҷопон ва Амрико)” шунида шуд. Зимни баромад қайд карда шуд, ки низоми менеҷменти ин ду мамлакат пешрафта ба ҳисоб меравад ва мо бояд таҷрибаи ин мамлакатҳоро амиқ омӯхта, ба фарҳанги худамон мувофиқ намуда, истифода барем. Махсусан, дар низоми менеҷменти ҷопонӣ фарқиятҳои бузург ба назар мерасанд. Аз ҷумла, асоси муваффақияти онҳо дар маҳорати бо одамон кор карда тавонистан мебошад. Инчунин, тарзи қабули қарор дар низоми менеҷменти ҷопонӣ хусусияти ба худ хос дошта, “рингӣ” ном дорад. Мо агар маънои калимаи рингиро шарҳ диҳем, аз ду калимаи хитоӣ таркиб ёфтааст, яъне “рин” –пурсидан аз поён ва “гӣ”- муҳокима намудан аз боло мебошад.

Дар охири баромади дуюм, муҳокимарониҳои зиёде миёни иштирокчиён анҷом дода шуд.

Баромади сеюм аз ҷониби донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-26020300 Маркетинг Муминзода Гулбиддин дар мавзӯи “Идоракунии ҳолатҳои низоъӣ” шунида шуд. Зимни баромад, ӯ қайд намуд, ки имрӯзҳо масъалаи пайдоиши низоъҳо хело муҳим мебошад, чунки сабабҳои пайдоиши онҳо самти дуҷониба дорад. Яъне ҳам бо гуноҳи роҳбарон ва ҳам бо гуноҳи тобеон метавонад ба вуҷуд ояд. Новобаста аз намудҳои гуногуни низоъ, мо бояд роҳҳои бартараф намудани онҳоро донем ва дуруст истифода намоем. Ҳар як менеҷерро зарур аст, ки ҳар чӣ сари вақт ҳолатҳои низоъиро ошкор намуда, аз паи ислоҳи он шаванд. Муҳимияти ҳалли саривақтии низоъ дар он мебошад, ки он оқибатҳои манфиро дар пай дорад. Аз ҷумла, афзоиши аз кор рафтани кормандон, паст шудани рӯҳияи ҳамкорӣ миёни кормандон, нобоварӣ нисбати якдигар, боз мондани истеҳсолот ва ғайра. Оид ба баромади донишҷӯ саволҳои зиёд дода шуд ва аз тарафи баромадкунанда ҷавоб гардонида шуд.

Дар музокира омӯзгорони кафедра Баёнова М. ва Хуҷамов А. баромад намуда, ба паҳлӯҳои баҳсовари маърӯзаҳо равшанӣ андохтанд.