logo

Ҳафтаи кафедраи молия ва қарз дар китобхонаи илмии донишкада

(Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020)
Ҳафтаи кафедраи молия ва қарз дар китобхонаи илмии донишкада партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020  гузаронида шуд.
Дар ин давра аз тарафи мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Нидоев П.Ф. кормандони китобхони илмии донишкада адабиётҳои зарурӣ ҷамъоварӣ шуда дар раванди чорабинии мазкур мавриди шиносоӣ ва истифода барои тадриси донишҷӯён қарор дода шудаанд.

        Бахусус таълифоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди шиносоӣ ва мутолиаи устодон, донишҷӯёни ихтисоси 1-25010400 “Молия ва қарз” ва дигар ихтисосҳо қарор дода шуда, ҳамзамон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  Масъалаҳои озмуни мазкур, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандон мебошад ба донишҷӯён шиносонида шуд.
Мувофиқ ба ин кафедраи молия ва қарз моҳи феврали соли 2020 нақшаи баргузории чорабинии кафедраро дар китобхонаи илмии донишкада тартиб дода, чорабиниро аз рӯи он ба роҳ монд.
 Нақшаи баргузории чорабинии кафедраи молия ва қарз дар китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар моҳи феврали соли 2020.

Дар давоми рӯзҳои баргузории чорабинӣ устодони кафедраи молия ва қарз инчунин донишҷӯёнро бо мазмун ва муҳтавои адабиётҳои зарурӣ доир ба молия ва қарз шинос намуданд. Дар ин замина тартиби истифодаи таълифотҳои гуногун ва риояи библиографӣ ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.

Хулоса, чорабинии кафедраи молия ва қарз дар китобхонаи илмии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар моҳи феврали соли 2020 дар фазои таълимӣ ва маърифатӣ гузаронида шуд.