logo

АЗ КАРОНАВИРУС ЭМИН БОШЕМ!

       Имрузҳо қазияи бемории каронавирус 2019-nCoV тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин беморӣ ба як қатор давлатҳо паҳн гашта, боиси эпидемияи дараҷаи баланд гардидааст, ки ин ҳолатро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) тасдиқ кардааст.

       Эпидемия- ин паҳн гаштани як намуди беморӣ дар сатҳи якчанд давлат мебошад. Барои мисол эпидемияи зукомӣ испанӣ шуда метавонад,ки соли 1918 хуруҷ карда буд ва боиси фавти 100 млн. нафар гардид, ки 5%- и аҳолии курраи заминро ташкил медод.

       Мисоли дигар СПИД ё ВНМО, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар Африка (биёбони Сахара) сар зада, то ҳол 38,6 млн. нафар сироят ёфтаанд.

       Дар микробиология ду намуд заррачаҳое маълуманд, ки барангезандаи бемории инсон шуда метавонанд. Ин заррачаҳо андозаи ниҳоят хурд дошта, танҳо дар зери микроскоп дида мешаванд. Инҳо вирус ва бактерияҳо мебошанд. Бактерияҳо ҳуҷайраҳои комиланд ва дар таркиби худ ядро, митохондрия, мембрана доранд. Фарқияти вирусҳо аз бактерияҳо маҳз дар он мебошад, ки онҳо ҳуҷайраи комил нестанд ва ядрову  митохондрия надоранд. Агар, бактерияҳо ба организми онсон ҳамла намуда, худашон бемориро ба вуҷуд оранд, пас вирусҳо бошанд, ба организм ворид шуда, дар дохили ҳуҷайра ва ядрои организми инсон коди (рамзи) генетикии ҳуҷайраҳои инсонро бо коди генетикии худ иваз менамоянд. Дар натиҷа организми инсон ба ҷои ҳуҷайраҳои солими организм, вирус истеҳсол мекунанд. Ин ҳолатро “Репликатсияи вирусӣ” меноманд. Аз ин сабаб, табобати бемориҳои вирусӣ дар организми инсон нисбат ба бактерияҳо душвортар аст. То ҳол як қатор маводҳои доруворие вуҷуд доранд, ки дар табобати бемориҳои вирусӣ истифода бурда мешаванд, лекин на ба ҳамаи бемориҳои вирусӣ таъсири мусбат расонида метавонанд.

       Агар бемориро бактерия барангехта бошад, бо таъин намудани антибиотикҳо ин бемориро раъф намудан мумкин аст. Чунки, антибиотикҳо пайваста ба бактерияҳо таъсир намуда, онҳоро мекушанд ва организм оҳиста-оҳиста дар муддати кӯтоҳ солим гардонида мешавад.

Карона вирус чист?

КАРОНАВИРУС- вируси тоҷдор. 2019-nCoV

       Вирус аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш заҳр мебошад. Нишонаи 2019-nCoV – маънои каронавируси навъи Ухан-ро дорад.

       Вируси мазкур аввалин маротиба дар шаҳри Ухани вилояти Хубейи Ҷумҳурии мардумии Чин боиси беморшавӣ ва марги марди 61-сола гардид. Ин мард аз бозори Ухан, ки дар он ҷо маҳсулоти баҳрӣ ва ҳайвонҳои эгзотикӣ аз қабили мору куршапарак барои истеъмоли халқи таҳҷоӣ фурухта мешуд харид намуда, дар натиҷа ба ин беморӣ гирифтор мешавад ва яке аз  сабабгорони  паҳн гаштани  ин беморӣ мегардад.

       20-январи соли љорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин эълон намуд, ки бемории “Каронавирус 2019-nCoV” беҳад зиёд гашта, дараҷаи эпидемияро гирифтааст. 26-уми январ бошад, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ин ҳолатро тасдиқ намуд.

       Ба ҳолати 23 феврали соли 2020 теъдоди фавти одамон аз ин намуди беморӣ 2522 нафарро ташкил намуда, шумораи сироятёфтаго бошад ба беш аз 80000 нафар расидааст.

Оғоз ва анљоми ин намуди беморӣ (каронавирус) чӣ гуна аст?

       Якчанд ҳолатҳои барангезандаи вируси 2019-nCoV вуҷуд дорад, аз ҷумла:

  1. Бе нишона гузаштанаш мумкин аст, яъне инсон сироят ёфтааст, вирус дар вуҷудаш ҳаст, лекин беморӣ бе нишона мегузарад. Ин ҳолат асосан дар шахсоне дида мешавад, ки муқовимат (имунитет)-и организмашон баланд аст. Чунин ҳолати беморшавӣ барои ҷомеа хатарнок мебошад;
  2. Ҳолати сабук, яъне беморӣ дар организм ба зудӣ паси сар мешавад;
  3. Ҳолати миёна, яъне беморӣ дар организм бо нишонаҳои зуком мегузарад ва бо солимшавӣ анҷом меёбад;
  4. Ҳолати вазнин, ки дар чунин ҳолат бемор ба илтиҳоби шушҳо дучор шуда, дар аксари маврид беморӣ бо марг анҷом меёбад.

       Дар ҳолати ба илтиҳоби шушҳо дучор шудани бемор, беморон асосан аз нафастангӣ ва норасоии нафас азият мекашанд. Бо мақсади расонидани кумак ба бемор, аксар вақт таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)-ро низ истифода мебаранд.

       Дар рӯзҳои аввали пайдоиши бемории каронавирус 2019-nCoV, бо назардошти навъи нави беморӣ будани вируси мазкур барои табибону олимони соҳаи тиб мушкилӣ пеш омада буд, ки дар натиља ин беморӣ боиси фавти зиёди беморон гардид.

       Ҳоло бошад, расонаҳои хабарии  Ҷумҳурии мардумии Чин хабар медиҳанд, ки аз плазмаи беморони солимгашта истифода бурда, ба беморони баъдан сироятёфта дармон дода истодаанд. Инчунин, як намуд доруи дигаре, ки дар табобати бемории табларза (малария) истифода бурда мешуд, ба бемории каронавирус низ таъсири мусбӣ расонида истодааст.

       Олимон-микробиологҳои тамоми дунё саъю кушиш намуда истодаанд, ки дар муддати 3,5-моҳ ваксинаи ин бемориро кор карда бароянд.

       Гуфтан бамаврид аст, ки ваксина ин маводе мебошад, ки дар ҳолати истифода бурдани он инсон ба беморӣ дучор намешавад, ё ин ки беморӣ бо ҳолати сабук мегузарад.

Барои пешгирии бемории  каронавирус 2019-nCoV

чи бояд кард?

  • Бо беморони зуком ва шахсоне, ки аломатҳои бемории шадиди роҳи нафасро доранд дар алоқа набошед;
  • Дастонатонро бо собун ё маҳлулҳои безараргардонанда тез- тез шӯед;
  • Бо ҳайвонҳои хонагӣ ва дигар ҳайвонҳо дар алоқа набошед, дар ҳолати будан дастонатонро бо маводҳои лозима шуед;
  • Дар ҳолати дар худ бемории шадиди роҳи нафасро пайхас намуданатон ба духтур муроҷиат намоед;
  • Дар вақти атса задан ва сулфидан даҳону биниатонро пӯшед;
  • Ба шахси бемор ниқоб кашида гаштан зарур ва ҳатмист, зеро дар вақти атса бемор метавонад барангезандаи бемориро ба 5-6 метр паҳн намояд.

       Барои пешгирӣ намудани беморӣ дар як қатор давлатҳо чорабиниҳои пешгирикунанда дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан  ва бандаргоҳҳо гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷумлаи онҳо санҷидани ҳарорати бадан, безараргардонии анҷомҳои мусофирон ва дар карантини 14- руза нигоҳ дошатани мусофирон.

       Як гурӯҳ шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз давлати Чин, ки дар он ҷо сафари хизматӣ доштанд ва ё донишҷӯ буданд ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд. Ҳамаи онҳо зери назорати духтурон дар карантини 14-рӯза қарор доранд.

       Вазифаи шаҳрвандии мову шумо ба воҳимаву таҳлуқа наафтодан аст. Агар ҳамаи мо тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, гигиенаю тозагии худро риоя кунем муқовимати (имунитет) организми худро қавӣ гардонем, руҳияи баланди қавӣ дошта бошем бемориҳоро метавонем аз худ дур созем.

       Дар охир тавсия медиҳем, ки пиёз, сирпиёз, лимӯ ва зарчубаву (куркума) имбирро бисёртар истеъмол намоем. Инҳо маводҳое мебошанд, ки дар қавӣ гардонидани муқовимати организм ёрӣ мерасонанд ва шуморо аз бемориҳои сирояткунандаи гуногун эмин медоранд.

 

      Раҳмонова Шарифа Азимовна – мудири бунгоҳи тиббии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат