logo

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ КИШВАР

       22 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  чорабинии тантанавӣ, бахшида  ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди кишвар” бо барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ректори донишкада, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳо, бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарияти литсейи донишкада, сардорони гуруҳҳои таълимӣ-академӣ ва донишҷӯёни фаъол, инчунин намояндагон аз Комиссариати ҳарбии дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъбуда, полковник Абдураҳмонов  Қобилҷон ва лейтенанти калон Муродов Шарифбек ширкат варзиданд.

      Чорабинии тантанавиро Ректори донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.

       Ректори донишкада иброз дошт, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.
Тӯли 27 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардаанд. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи ободро намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон бо кору пайкори созанда саҳми хешро гузорем.

      Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомуш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

        Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни таърихӣ, таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба шумо саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям, — афзуд Ректори донишкада.

        Пас аз табрикоти идона ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори донишкада муҳтарам Асрорзода У.С. ба як гурӯҳ устодону кормандон — ҷанговарони башардўст ва собиқадорони меҳнати  донишкада туҳфаву сипосномаҳои раёсати донишкадаро тақдим намуданд. Инчунин, ба ғолибони озмуни “Беҳтарин гӯшаи деворӣ”, ки ба ифтихори Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, “Ифтихорнома”-и донишкада ва маблағҳои пулии яквақтаина тақдим карда шуд.

        Полковник Абдураҳмонов  Қобилҷон зимни баромади хеш ба роҳбарияти донишкада, барои таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан нисбати афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва даъват кардан ба чорабинии мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард. Ҳамзамон, кулли ҳозиринро ба ин ҷашни бузург табрику муборакбод намуд.

        Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор”-и донишкада табъи ҳозиринро бо қироати ашъори ватандўстона, рақсу суруд болида гардониданд. Саҳначаи театрикунонидашудаи тарбиявии омоданамудаи донишҷӯён низ дар мавзӯи муҳофизати Ватан ва машқҳои низомии наваскарон  аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд.

        Дар фарҷоми чорабинӣ Ректори донишкада ба тамоми донишҷӯёне, ки барои дар сатҳи сазовор таҷлил намудани 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи донишкада заҳмат кашидаанд изҳори миннатдорӣ намуда, ба масъулини донишкада ҷиҳати ҳавасманд намудани онҳо супоришҳои мушаххас доданд.