logo

ЧОРАБИНИИ ТАЪЛИМӢ- МАЪРИФАТИИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Кафедраи молия ва қарз санаи 21-уми феврали соли 2020  чорабинии таълимӣ — маърифатиро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои таълимии № 2, синфхонаи 46 баргузор намуд. Дар чорабинӣ маърӯзаи мудири кафедраи молия ва қарз дотсент Нидоев Парвиз Фозилович шунида шуд.

       Дар оғози  баромадаш дотсент Нидоев П.Ф. устодон ва донишҷӯёнро ба ин рузи фархунда табрику таҳният намуда, қадами онҳоро ба ин чорабинӣ хайрамақдам гуфт.

      Дар давоми баромадаш  қайд намуданд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи меҳнат ва заковати пурарзиши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

       Ин нерӯӣ бузург ва муқаддас то ба имрӯз давлату миллати азизи моро дар амният ва сулҳу осоиштагӣ нигоҳ дошта боиси рушд ва инкишофи давлати соҳибистиқоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

       Бинобар ин, тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҷавонон бояд ба қадру қиммати ин нерӯи пурарзиш расида, ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд.

        Дар давоми чорабинӣ аз тарафи донишҷӯдухарони ихтисоси 1-25010400 “Молия ва қарз” Нуруллозода Бибиоиша  ва Баротова Малоҳат суханони табрикотӣ ва маърӯзаҳо доир ба ин Идӣ пуршараф, яъне “Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  хонда шудаанд.

      Хулоса, чорабинии таълимӣ – маърифатии кафедраи молия ва қарз бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идонаи илму адаб гузаронид шуд.