logo

ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ГӮШАИ ДЕВОРӢ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

       Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 27-умин солгарди таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои донишкадавӣ ва инчунин мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2020 сол, №05/5-1293 санаи 21 феврали соли ҷорӣ озмуни донишкадавии “Беҳтарин гӯшаи деворӣ” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур байни факултетҳо ва литсейи донишкада гузаронида шуд.

      Мақсад аз баргузории чунин озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, арҷ гузоштан ба муқадасоти миллӣ, ҳифз намудани марзу буми ватан ва инчунин ҷалб намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

       Дар раванди ташкили “Беҳтарин гӯшаи деворӣ” беш аз 50 тасвирҳои гуногун, ки аз ҳимоягарони миллат, садоқат ба Ватан ва дигар рамзҳои Артиши миллиро ифода менамуд, ба маърази тамошо гардонида шуд.

      Тибқи натиҷагирии Комиссияи озмунӣ, ки асосан ба ороиш ва намуди зоҳирии маводҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ менамуданд чунин баҳогузорӣ карда шуд:

 

       Ҷойи 1-ум ба факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон;

       Ҷойи 2-юм ба Литсейи донишкада;

       Ҷойи 3-юм ба факултети сайёҳӣ.

      Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат минбаъд низ тасмим гирифтааст, вобаста ба иду ҷашнҳо чунин намуди озмунҳоро бештар доир намояд.