logo

РУШДИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

       21 феврали соли равон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ дар мавзӯи “Рушди забони миллӣ – омили пойдории миллат” баргузор гардид.

       Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии донишкада, бо иштироки ҳайати устодон, донишҷўён, магистрантон ва кормандони донишкада доир карда шуд. Дар кори конференсия инчунин меҳмонон аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — д.и.ф., профессор Кабиров Ш., аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд — омӯзгори фанни забони англисӣ Аюбова М.З. иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад намуданд.

      Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дотсент Хоркашов И.С. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро аз номи Роҳбарияти донишкада љиҳати ширкаташон дар ин конфронси сатҳи баланд хайрамақдам гуфтанд. Дар идомаи баромади хеш муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада зикр намуданд, ки забони тоҷикии мо дар тӯли ташаккул ва такомули хеш ба имтиҳоноти шадидтарини давру замонаҳо дучор гардидааст. Ҳамлаи юнониҳову мақдуниҳо боиси аз байн рафтани забони авестоиву хатти мехӣ дар давраи бостон, ҳамлаи арабҳо боиси аз байн рафтани забонҳои суғдиву паҳлавиву хоразмӣ ва хатҳои онҳо дар давраи миёна гардида буданд.

       Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикиро яке аз масъалаҳои бисёр муҳими инкишофи забони модарӣ меҳисобад. Ӯ дар ин ҷода оид ба масъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони модарии мо аҳамияти аввалиндараҷа доранд, дастур медиҳад, ки аз олимони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногун сар карда, то кормандони оддӣ дар ин кори барои миллату кишвар хеле муҳим бояд саҳм бигиранд.

      Мавриди тазаккур аст, ки ҳадафи конференсияи ҷумҳуриявии “Рушди забони миллӣ – омили пойдории миллат”, ки имрӯз доир гардид, яке аз васоити муҳофизати забони тоҷикӣ  ва ташаккули он дар давраи ҷаҳонишавии муосир ба ҳисоб меравад. Вазифаи ҷонии ҳар яки иштирокдори ин конфронс низ дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлат ва ҳукумат дар ин ҷода маҳсуб мегардид.

      Сипас, тибқи барномаи конфронс дар ҷаласаи пленарӣ баромадҳои д.и.ф., профессори ДМТ ва ДДМИТ Кабиров Ш. дар мавзуи “Сарнавишти забонҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ”, Сангинова Р.И. — н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳким ва густариши забони давлатӣ”, Ҳайбатов Н.В.- дотсенти кафедраи забони хориҷии донишкада дар мавзуи “Моҳияти таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар такмил ва ташаккули муоширати байнифарҳангӣ”,  Шомуродзода Ҳ.Р. – профессори кафедраи забони русии донишкада дар мавзуи “Роль русского языка в гуманитарной интеграции стран СНГ” , инчунин Акбарова Давлатбӣ- устоди калони кафедраи забони тољикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Фирдавсӣ – наҷотдиҳанда ва эҳёгари забони форсӣ-тољикӣ” шунида шуд.

      Конфронс, баъди нисфирӯзӣ кори худро дар ҷаласаи бахшҳои алоҳида идома дод.