logo

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ДАР ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

       20 феврали соли ҷорӣ дар доираи Нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо донишҷуёни донишкада вохӯрӣ доир карда шуд.

 

      Вохӯрии мазкурро муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ дотсент Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда, ташрифи меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Мавсуф, зимни баромади хеш иброз доштанд, ки саҳми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тарбияи ҷавонони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хетаншиносӣ ва дигар рукнҳои тарбия дар ҷомеаи Тоҷикистон бориз мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як иқдомоте, ки аз ҷониби Кумита пеш гирифта мешавад боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад.

      Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Нусратулло баромад намуда, қаблан ба роҳбарияти Донишкада барои фароҳам сохтани шароити мусоид, ҷиҳати анҷоми мулоқот изҳори миннатдорӣ намуд. Маҳмудзода Н. дар баромади худ доир ба муҳтавои паҳлӯҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, маълумот дод.

      Раҳимов Сулаймон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат зимни баромади хеш ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, барои дастгирии ҳамешагиашон нисбати ҷавонони донишкада ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, Раҳимов С. роҷеъ ба фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада маълумот дода, изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонони донишкада ҳамеша барои хизмат ба Ватан-Модар дар ҳама самтҳои фаъолият омода мебошанд.

      Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯёни фаъоли донишкада Хоҷаев С., Сафаров А. ва дигарон баромад намуда, ташкили чунин вохӯриҳоро ба манфиати кор арзёбӣ намуданд.