logo

ПЕШГИРИИ ҶАВОНОНИ МУҲОҶИР АЗ ХАВФИ СОЗМОНҲОИ ЭКТРЕМИСТӢ

       Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки  муносибатҳои кишвар дар ҳамаи самтҳо рушд  намояд. Яке аз падидаҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ин ҷаҳонишавии иқтисодиёти мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонишаваии иқтисодиёт фишанги зудтар ба арсаи байналмилалӣ баровардани иқтисодиёти кишварҳо ба ҳисоб меравад.  Аз ин хотир барои ба арсаи байлмилалӣ баровардани иқтисодиёти кишвар бояд низомҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ мамлакат бо низомҳои иқтисодии давлатҳои тараққикарда мувофиқ гардонида, рушди он таъмин карда шавад.

       Дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тараққиёти соҳаҳои гуногун дар миёни минтақаҳо ва давлатҳо муҳоҷирати аҳолӣ ба миён меояд. Муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ манфиатҳои зиёд дорад, зеро шаҳрванд ҳангоми бо муҳоҷирати меҳнатии доимӣ ва муваққатӣ ба дигар минтақаҳо ва давлатҳо сафар намуданаш метавонад фарҳангу маданият, одобу аҳлоқ ва шароитҳои зиндагии худро хубтару беҳтар гардонад. Аз ин ҷост, ки давлат ба аҳолӣ ва шаҳрвандонаш ҳуқуқи озодона муҳоҷират намудан ва кафолати ҳимояии онҳоро додааст. (Моддаи 16-уми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад»).

       Муҳоҷирати меҳнатӣ манфиатҳои зиёд дошта бошад ҳам солҳои охир дар байни давлатҳо яке аз мушкилотҳои асосии ҷаҳонӣ гардидааст. Аз як тараф нобаробарии қувваҳои корӣ ба миён омада, аз тарафи дигар ташкил ёфтани гурўҳҳои экстремистӣ мардуми муҳоҷирро бо ҳар роҳ фиреб карда, ба доми худ кашида онҳоро нобуд карда истодаанд.

       Танзими муҳоҷирати аҳолӣ айни ҳол зери назорати тамоми давлатҳо қарор гирифтааст. Зеро бо танзим намудани муҳоҷирати меҳнатӣ имконияти гирифтани пеши роҳи зуҳуроти бегонапарастӣ ва гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ба миён меояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар кишвар шароитҳои хуби зиндагӣ ва кору фаъолият ташкил намояд, то ки ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ нараванду гирифтори имрўза гурўҳҳои экстремистӣ нагарданд.

       Ҳамзамон қайд намудан ба маврид аст, ки комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо назаррасанд, ҳамаи онҳо пеш аз ҳама аз интихоби дурусти сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин хотир солҳои охир мушкилии муҳоҷирати меҳнатӣ то андозае  аз байн рафта истодааст ва бо боварии қаввӣ гуфта метавонам, ки дар солҳои  наздик пурра аз миён бардошта мешавад ва мо ҳама дастаҷамъона кишвари худро боз ҳам ободу зебо хоҳем кард.

       Ҳар як давлат барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва гирифтани пеши роҳи гурўҳҳои экстремистӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Масъалан, Федератсияи Рассия барои гирифтани пеши роҳи мушкилотҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳар як шаҳрванде, ки ба кишвари онҳо сафар мекунад дар бораи таърихи Рассия, минтақаҳо ва фарҳангу маданияти онҳо пурсон мешаванд.

       Қабули қонуну қоидаҳои нав ва низомномаҳо ба мисли Рассия ва дигар мамлакатҳо мо ҷавононро маҷбур месозад, ки масъулияти худро дарк намуда, барои амалӣ гардонидани фаъолиятҳои корӣ ва сафарҳои хизматии худ аз ҳоло ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва таърихи онҳо шуруъ намоем. Донишу малакаи кофӣ ва донистани забони муошират, бахусус англисӣ ва русӣ  барои пайдо намудани ҷои кори муносиб ва ҳифзи манфиатҳоямон хело заруранд.

       Ҳамаи мо ҷавононро зарур аст, ки шукронаи тинҷиву оромии давлати азизамон  намуда, дар партави Истиқлолият илму дониш омўхта соҳиби касбу ҳунар гардем, то ки овораи муҳоҷирати меҳнатӣ нагардему тавонем аз доми созмонҳои эктремистӣ эмин монем.

 

Имомов Муродалӣ Қурбонмаҳмадович – муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат.