logo

ВОХӮРИИ СУДМАНД

       18 феврали  соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат вохӯрии сардори Раёсати таъмини ташкили кори судяҳо, ҷамъбасти амалии судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуридин, мутахассисси ҳамин раёсат Эмомализода Наврӯз, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Хисрав, Наимзода Бахтиёр, Нуридини Нуруллохуҷа  бо устодону донишҷӯёни донишкада доир гардид.

      Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур, бедор намудани зиракии сиёсии ҷавонон дар самти дӯст доштани марзу буми кишвар, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, муаррифии ҳар чи бештари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи вакилони халқ ба маҷлисҳои сатҳҳои гуногун, инчунин шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи ҷавонон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, иборат буд.

      Вохурии мазкурро Фирӯзи Талбак ҳуқуқшиноси донишкада ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти донишкада хайрамақдам гуфт. Аз ҷумла, мавсуф зикр намуд, ки раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои гуногуни тасдиқшуда, мулоқоту вохӯриҳои гуногунро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ, пайваста доир менамояд. Ҳамчунин, дар арафаи таҷлили ҷашну идҳо ташкили чунин вохӯриҳо ба ҳукми анъана даромадааст, яъне моро дар пеш Рӯзи Артиши миллӣ ва Интихоботи вакилон интизор аст, ки чорабинии мазкур бисёр ба маврид баргузор карда мешавад.

      Сипас, Асрорзода Зуҳуриддин сардори Раёсати таъмини ташкили кори судяҳо, ҷамъбасти амалии судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қаблан ба роҳбарияти донишкада барои ташкили сатҳи баланди вохӯрии мазкур ва имкониятҳои фароҳамоварда изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Мавсуф, зимни баромади хеш қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бањри фаъолияти  созандагї  барои мо њамаи тадбирњои сиёсї, иќтисодї ва њуќуќиро муҳайё намудаанд, ки аз мо ҷавонон танҳо меҳнати содиқона ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромӣ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ тақозо карда мешавад. Бинобар ин, мо ҷавононро зарур аст, ки бо ҳадафи таъмини боварии Пешвои муаззами миллат нисбати ҷавонон,  њеҷ гоњ зиракии сиёсиро бояд аз даст надињем ва барои халқу миллати хеш доимо садоқатмандона заҳмат кашем.

      Дар идомаи вохӯрӣ, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Хисрав, Наимзода Бахтиёр ва Нуридини Нуруллохуҷа ба сухан баромада, доир ба ҷанбаҳои тарбиявии Паёми Пешвои муаззами миллат, таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Артиши миллӣ ва маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи вакилони халқ, ки 1 марти соли 2020 дар кишвари азизамон Тоҷикистон баргузор мегардад, ибрози андеша намуданд.

      Дар поёни вохурӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Ҷабборов Б.Б. баромад намуда, бори дигар меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфтанд ва изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд низ чунин вохӯриҳои судманд байни устодону донишҷӯёни донишкада доир карда мешавад.