logo

ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДА АЗ ФАННИ ҲУҚУҚ БАРГУЗОР ГАРДИД

       Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати илм ва инноватсияи донишкада ва кафедраи фаъолияти гумукӣ ва ҳуқуқ санаи17-уми феврал дар лабараторияи №8 даври дуюми олимпиада аз фанни ҳуқуқ баргузор  гардид.

       Дар рафти баргузории олимпиада  ҳайати устодони кафедраи  фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ,  профессор Искандаров З, дотсент Нодиров Ф., дотсент Сафаров И., дотсент Ғайратов Т., ва аъзои фаъоли маҳфили “Гумрукчиёни ҷавон”  донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-96010101 Хоҷаев С.  иштирок намуданд.

       Донишҷӯён аз ихтисосҳои гуногуни донишкада иштирок карда сатҳи саводнокии худро санҷиданд.

       Сараввал мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ  дотсент Нодиров Ф.  баромад карда ба иштирокчиён барои сабқати илму дониш муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.

       Профессор Искандаров З.Ҳ. баромад намуда, тазаккур доданд, ки дар ҷараёни таҳсили илм нақш ва ҷои Олимпиадаи фанни хело назаррас мебошад. Бинобар ин, ба Шумо шогирдони азиз дар ин самт муваффақият орзӯ менамоям.

       Сипас, раиси маҳфили “Гумрукчиёни ҷавон” донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-96010101 Хоҷаев С. тарзу тартиби  гузаронидани Олимпиадаро ба иштирокчиён фаҳмонида, ба кори он оғоз бахшид.

       Донишҷӯён дар давоми як соати академӣ ба саволҳои гузошташуда, ки ба таври хатти пешниҳод шуда буданд, ҷавоб гардониданд.

       Дар натиҷаи баррасии натиҷаи кори иштирокчиён донишҷӯёни зерин:

      Тоирзода Шералӣ  донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси  96010101 бо гирифтани 45-бал, сазовори ҷои 1 –ум,  Камилов Ҷонибек донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси  96010102 “А” бо гирифтани 30-бал, сазовори ҷои 2-юм ва Мирзоева Дилором донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси  96010101  бо гирифтани 28 –бал сазовори ҷои 3-юм гардиданд.