logo

ВОХЎРИИ МУФИД ДАР АРАФАИ РЎЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

       Кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2020 таҳти рақами №25/5-1293 ва дастуру супоришҳои ректори Донишкада Асрорзода У.С. дар робита ба ҷашни таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўриҳои муфидро ташкил намуд. Аз ҷумла, 15 феврали соли 2020 дар синфхонаи рақами 12 бинои 2 Донишкада вохўри бо полковники мустаъфии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва капитан Соҳибов Д. чорабинии таълимӣ-назариявӣ дар мавзўи «Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан» баргузор намуданд, ки дар кори он донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси таъминоти иқтисодӣ ва ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ иштирок намуданд.

       Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи мудири кафедра Нодиров Ф.М. кушода қайд намуданд, ки Артиши миллӣ рамзи шуҷоат, қаҳрамонӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад. Бинобар ин, ташкил намудани чунин вохўриҳо бешубҳа барои баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва таъмин намудани зиракии сиёсии донишҷўён нақши босазо мебозад.

       Сипас, полковник Мираков Қ.М. аз нақш ва саҳми Артиши миллӣ дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ёдрас шуда, тазаккур доданд, ки соли 1993 ташаккулёбии Артиши миллӣ аз сифр оғоз шуд ва имрўз хушбахтона ба қувваи боэътимод ва сипарии воқеии кишвар мубаддал гардидааст.

       Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурўъ намуда буд.

       Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори  (1992-1997)  қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати худро ба таври шоиста адо намуданд, қайд намуд капитан Соҳибов Д.

       Дар фарҷоми чорабинӣ байни меҳмонон ва иштирокчиён аторфи ҷашни Артиши миллӣ баҳсу мунозираи судманд баргузор гардид.