logo

РАВАНДҲОИ МУОСИРИ МУНОСИБАТҲОИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

       Зери чунин унвон санаи 15 феврали соли 2020 дар доираи иҷроиши “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат барои соли 2020” дар заминаи кафедраи хизматрасонии бонкӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзӣ, мактабҳои олии кишвар, олимону муҳаққиқон, устодон, магистрантон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

        Конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Хоркашов И.С. оғоз намуда, иштирокчиёни конфронсро аз номи роҳбарияти донишкада хайрамақдам гуфтанд. Дар идомаи баромади хеш Хоркашов И.С. зикр намуданд, ки таҳкими фаъолияти молиявӣ-қарзӣ ва низоми бонкӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлатҳои дар ҳоли гузариш қарордошта, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Раванди татбиқи ҳадафи зикргардида дар ҳоле масоили мубрам ба ҳисоб меравад, ки ҷаҳони муосир аз давлатҳои дар чунин шароит қарордошта сатҳи баланди рушди иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявию бонкиро талаб менамояд.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш 26 декабри соли 2019 иброз намуданд, ки “Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад”.

      Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт, узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушод рақобатро дар бозори байналмилалии хизматрасониҳои бонкӣ бештар мегардонад. Аз ин хотир, низоми бонкии кишвар бояд ба ин рақобат омода бошад, зеро дар акси ҳол, бозори хизматрасониҳои моро ширкатҳои хориҷӣ зери тасарруфи худ медароранд ва дар оянда метавонанд шарту шароитҳои худро дар ин бозор роҳандозӣ намоянд, ки ин бевосита ба амнияти иқтисодию молиявии мамлакат таъсири манфии худро мерасонад.

       Дар солҳои охир диққати бештар зоҳир намудани олимон ва иқтисодчиёни мамлакат нисбати соҳаи бонкӣ тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад. Имрўз дар кишвари мо аз тарафи олимони ватанӣ бисёр монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ доир ба соҳаи бонкӣ чоп шудаанд.

      Бинобар ин, бо мақсади дарки маънӣ ва ошкор сохтани муаммоҳои мавҷуда дар самти хизматрасониҳои бонкии мамлакат, раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, то конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзўи «Равандҳои муосири муносибатҳои пулию қарзӣ ва таъсири онҳо ба рушди иқтисодиёт» баргузор намояд, зикр намуданд Хоркашов И.С.

        Сипас, Ҷӯраев Беҳзод Машрафович номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори шуъбаи танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо дар таъмини амнияти низоми молиявии кишвар” баромад намуда, роҷеъ ба авомили моҳҳои охир вобаста ба интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ва зарурати таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо маълумоти муфид пешниҳод намуданд.

        Раҳимов Манучеҳр сардори шуъбаи протоколӣ ва ҳифзи меҳнати ОАО “Тавҳидбонк” дар мавзӯи “Раванди татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, аз нахустин бонкӣ исломӣ, ки соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст маълумот дод. Зикр гардид, ки новобаста аз он ки таъсиси Бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон падидаи наванд, вале принсипҳои кории чунин намуди бонкҳо дар аксар бонкҳои кишвар мавриди истифода қарор доранд. Ҳамчунин, мавсуф аз таҷрибаи ҷаҳонии истифодаи бонкҳои исломӣ ва натиҷаҳои самарабахши онҳо ёдрас шуда, маълумотҳои мушаххасро пешниҳоди иштирокчиёни конфронс намуданд.

       Лафизов Нуриддин Ҷамолиддинович директори корпоративии ҶСК “Алиф-бонк” дар мавзӯи “Развитие финансовой и технологической экосистемы в Республике Таджикистан” баромад намуда, роҷеъ ба хизматрасониҳои муосири “Алиф-бонк”, ки бо истифода аз таҷрибаи хориҷии бонкдорӣ ба роҳ монда шудааст маълумот пешниҳод намуданд.

      Сайисмонов Раҳматшо муовини раиси ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Вазъи кунунии низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди низоми бонкӣ дар кишвар маълумот доданд. Қайд гардид, ки масъалаи рушди низоми бонкӣ дар кишвар зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат ва бахусус Пешвои муаззами миллат қарор дошта, тамоми чорабиниҳо бобати ба талаботҳои муосири хизматрасониҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кунонидани хизматрасониҳои бонкии кишвар андешида мешаванд. Имрӯз шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, муштариёни чунин ташкилотҳои молиявӣ ба тадриҷ зиёд шуда истодааст.

       Ширкаткунандагони конфронс, вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти бонкии мамлакат ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноаткунанда дарёфт карданд.

      Дар охир Хоркашов И.С. муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бори дигар меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, аз онҳо хоҳиш намуданд, ки дар вақтҳои барояшон мувофиқ барои донишҷӯёну магистрантони донишкада лексияҳои кушодро баргузор намоянд. Таклиф аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.

       Конфронс, баъди нисфирӯзӣ кори худро дар ҷаласаи бахшҳои алоҳида идома дод.