logo

ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТ ВА АМНИЯТИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин дастуру супоришҳои ректори донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор вобаста ба иҷроиши бандҳои мухталифи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» санаи 15 феврали соли ҷорӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия омили муҳими таъмини рушди босубот ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

      Семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ бо иштироки ҳайати устодон, донишҷўён, магистрантон ва кормандони донишкада доир карда шуд. Дар кори семинари болозикр инчунин меҳмонон аз муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла аз мақомоти суд, судяи Суди шаҳри Душанбе Юсуфзода М., Сафарзода Қ., корманди Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода З. ва доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Искандаров З.Ҳ.  иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад намуданд.

      Семинари илмӣ-назариявиро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ муҳтарам Ҷабборов Ф.А. оғоз намуда қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дода буданд, ки «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани обрўи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад». Бинобар ин, баргузор намудани чунин нишастҳои илмӣ на танҳо барои омўзгорону донишҷўён, балки барои баланд намудани сатҳи шуури ҳуқуқии оммаи васеи халқ ниҳоят зарур мебошад.

       Сипас, дар мавзўи «Самтҳои асосии муқовимат ба коррупсия» судяи Суди шаҳри Душанбе Юсуфзода М. баромад намуда, қайд карданд, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар ин бахш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бевосита барои пешгирӣ ва барҳам додани на танҳо ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, балки омилу сабабҳои ба вуҷуд омадани худи коррупсия низ нақши муҳим мебозад.

      Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидаанд, чунки ба ояндаи миллату давлат вобастагии бевосита доранд. Аз ин рў, дар низоми маорифи кишвар тарбияи зиддикоррупсионии муҳассилин мувофиқи барномаи илман асоснок бояд ба роҳ монда шавад.

       Сафарзода Қ. дар мавзўи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия ва нақши он дар тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон» баромад намуда, қайд карданд, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рўз буда, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукукмат ва давлат мебошанд. Дар ин ҷо ёдовар шудан аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала хело муфид мебошад. Пешвои муаззами миллат қайд намуда буданд, ки «… дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ мегардад». Дарвоқеъ, тазаккур доданд Сафарзода Қ., надонистани ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои қонунӣ дар бештари мавридҳо боиси содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ мегарданд.

      Мавсуф ба ҳайси вазифаи асосии аҳли зиёи кишвар таълиму тарбия, тарғибу ташвиқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии аҳли ҷомеаро қайд намуданд.

       Доир ба мавзўи «Саҳми мақомоти судӣ дар пешгири намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ» корманди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода З. баромад намуда қайд карданд, ки дар тантанаи адолат ва барқарор намудани мувозинати ҷомеаи солим нақши ҳокимияти судӣ ниҳоят калон мебошад. Баҳои ҳуқуқӣ ба ҳамаи кирдорҳои содиршудаи ҷиноятӣ танҳо мақомоти судӣ дода метавонад ва дуруст татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар бахши мубориза ба коррупсия низ вазифаи асосии ин мақомот мебошад.

       Тарбия ва ислоҳ намудани ҷинояткорон танҳо дар асоси ҳукми мақомоти судӣ амалӣ мегардад ва дар оянда омили муҳимтарини пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ баромад мекунад. Бинобар ин, мақомоти судӣ дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба қонун итоат менамоянд.

       Профессор Искандаров З.Ҳ., дар мавзўи: «Муқовимат бо коррупсия: риояи ҳадди эътидол дар туғёни хоҳиши сарватмандӣ ва камолоти маънавӣ» қайд намуданд, ки баланд бардоштани маданият ва маърифати зиддикоррупсионӣ, ба вуҷуд овардани афкори зиддикоррупсионӣ ҷузъи таркибии фаъолияти муқовимат бо коррупсия буда, дар он нақши маънавиёт муҳим арзёбӣ мегардад. Шунавандагони муҳтарами мо, умед аст, ки дар оянда мансабдорон, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва соҳибкорони мувафақ мешаванд, бинобар ин, дар рўҳияи онҳо тарбия намудани маънавиёти зиддикоррупсионӣ муҳим аст, ва риояи  ҳадди эътидоли хоҳиши ѓун намудани сарват ва камолоти маънавиро талқин намуданд. Ў маҳдуд сохтани нафсро аз истифодаи неъмату арзишҳое, ки тибқи қонун ў метавонист ба даст орад ва барои ў ҳалолу покиза мебошанд, таҷовуз накардан ба ҳаққи каси дигар, риоя намудани мамнуъоти қонун, хайру саховатмандиро ҳадди эътидол дар ѓун намудани сарват номид.

      Дар музокирот Нодиров Ф.М. н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи донишкада, Сафаров И.Д. дотсенти кафедраи мазкур ва  Орипов А.С. устоди калони кафедра баромад намуда қайд карданд, ки бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, зарурати ҳамкории мақомоти гуногуни муқовимат ба коррупсия ба миён омадааст.