logo

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

(оғози ободкориву созандагӣ дар доираи дастуру супоришҳои

Пешвои муаззами миллат)

 

       14 феврали  соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати кормандони донишкада баргузор гардид.

      Ҷаласаи васеи ҳайати кормандони донишкадаро ректори донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, қаблан ба Пешвои муаззами миллат барои бовариашон нисбати ҷавонон ва таъин намуданашон ба вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён доштанд. Изҳори боварӣ намуданд, ки тамоми маҳорату малакаи хешро барои рушди маорифи кишвар бо такя ба иқтидори кадрии донишкада сафарбар менамоянд ва донишкадаро дар ояндаи наздик ба яке аз муассисаҳои бонуфузи кишвар табдил хоҳанд дод.

       Зимни баромади хеш ректори донишкада аз муваффақиятҳои бадастовардаи коллективи меҳнатӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, саҳми устодони донишкадаро дар ин раванд бориз арзёбӣ намуданд. Дар баробари ин, ректори донишкада иброз доштанд, ки новобаста аз ин муваффақиятҳо дар ҳоли расидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар моро зарур аст, дар доираи роҳнамоиҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат Нақша ва барномаҳои замонавиро таҳия ва тасдиқ намуда, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнатро тибқи онҳо ба роҳ монем.

       Қабл аз ҳама ректори донишкада ба масъалаи таҳияи Нақшаи дурнамои донишкада барои 5 соли оянда ибрози назар намуда, ба тамоми воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

       Зимни баромади хеш ректори донишкада татбиқи амалии қонунҳо, низомномаҳо, стратегияҳо ва Барномаҳои марбут ба соҳаи илму маорифро дар муассисаи таълимӣ муҳим ва зарур арзёбӣ намуда, ба масъулини сохторҳои донишкада ҷиҳати иҷрои босифати корҳо дар ин самт маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.

       Бо такя ба таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи мазкур, дар амри баланд бардоштани сифати таҳсилот бо роҳи истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва татбиқи лоиҳаҳои мухталифи соҳавӣ ҷиҳати ҷиҳозонидани муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ масъалаи мазкурро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.

       Дар баробари ин, ректори донишкада муҳтарам Асрорзода У.С. ба истифодаи самараноки захираҳои молиявии муассиса дахл намуда, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандону донишҷӯёни донишкадаро яке аз роҳҳои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда иброз доштанд.

      Ҳамчунин, ректори донишкада дар баромади хеш ба масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ изҳори назар намуда, дастгирии олимони ҷавон ва ҳавасманд намудани онҳоро дар раванди ҳимояи рисолаҳои илмиашон бо мақсади таъмини муассиса бо устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ зарур ва муҳим баён доштанд.

       Аз ҷониби роҳбари муассиса масъалаи ба курсҳои забономӯзӣ фаро гирифтани устодону донишҷӯён ва магистрантони донишкада, сафарбар намудани устодон ба курсҳои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар, истифодаи ҳамаҷонибаи таҷрибаи кормандони собиқадори донишкада ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар робита ба афзоишу густариши робита ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ва зиёд шудани теъдоди муҳассилини хориҷии донишкада, ташкил намудани курси омӯзиши забони давлатиро дар назди кафедраи забони тоҷикии донишкада бо мақсад мувофиқ шумориданд.

      Дар ҷамъбасти ҷаласа ректори донишкада ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бо ибрози умеду боварӣ ба таҷрибаву малакаи илмиву амалии коллективи меҳнатии донишкада,  рушду пешрафт ва нуфузи бештари Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро яке аз ҳадафҳои калидии фаъолияти хеш баён доштанд.

      Дар ҳошияи маърӯзаи ректори донишкада, устодони собиқадор, ки солиёни зиёд дар ин муассисаи таълимӣ кору фаъолият намудаанд, баромад карда, аз иқдомҳои пешгирифтаи роҳбари навтаъини донишкада ва нигоҳи тозаи ӯ ба фардои дурахшони донишкада ҷонибдорӣ намуданд…