logo

ТАҲКИМИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ БО ДАРНАЗАРДОШТИ АФЗАЛИЯТҲОИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

       13-уми феврали соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  дар доираи иҷроиши Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо дар донишкада барои соли 2020, аз ҷониби кафедраи молия ва қарзи донишкада семинари илмӣ-назариявии донишкадавӣ дар мавзӯи “Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ бо дарназардошти афзалиятҳои иқтисодии кишвар” доир карда шуд.

       Дар кори семинар намояндагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, инчунин устодон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

      Кори семинари илмӣ-назариявиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада дотсент Хоркашов И.С. оғоз намуда, сараввал меҳмононро аз номи роҳбарияти донишкада хайрамақдам гуфта, мубрамияти мавзӯи баррасишавандаро шарҳу тавзеҳ намуд. Қайд гардид, ки дар шароити муосири ҷойдошти муносибатҳои бозорӣ аз ҳарвақта дида масъалаи идоракунии молияи давлатӣ зарурати бештар касб намудааст, зеро фаъолияти устувору самараноки соҳаҳои гуногун аз устувории молияи давлатӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари мулоқоту Паёмҳояшон ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

       Сипас, тибқи барномаи семинари мазкур баромади мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Нидоев Парвиз Фозилович, дар мавзӯи “Саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои молиявӣ-қарзии иқтисодиёти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Фаъолияти молиявӣ-қарзӣ ва низоми андозбандӣ дар шароити муосири рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беандоза дошта, онҳо асоси рукнҳои хоҷагидории давлатро ташкил менамоянд.

      Дотсент Нидоев П.Ф. қайд намдуданд, ки иқтисодиёт ва давлате, ки тайи солҳои сипаригашта бо меҳанат ва заковати  хирадмандона, сулҳпарвару эҷодсози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор ва рушд ёфта истодааст, тамоми  шароит ва   имкониятҳоро  барои такмил ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ муҳайё намудааст, ки кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебояд аз чунин шароитҳои мусоид самаранок истифода бурда, барои гулгуншукуфоии давлати азизамон дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат софдилона хизмат намоянд.

       Инчунин, дар ҷараёни семинар зиёда аз 26-слайд ва презентатсияҳо доир ба мавзуи семинар намоиш дода шуда, дар фарҷоми он қайд карда шуд, ки бо амалӣ шудани масъалаҳои мазкур ва тадбиқи иҷрои барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтӣ ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои  молиявии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мегарданд.

      Мудири кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Одинаев Фурқат Фарҳодович, зимни баромади хеш атрофи ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар бо мақсади зиёд кардани даромадҳои буҷети давлатӣ ва ба ин васила зиёд намудани молияи давлатӣ ибрози андеша намуд. Баъзе самтҳои босамари идоракунии молияи давлатӣ низ аз ҷониби баромадкунанда шарҳу возеҳ дода шуд.

      Директори Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дотсент Ҷураев Хуррам Ғаффорович дар баромади хеш ба масъалаи татбиқи ҳукумати электронӣ дар самти истифодабарии молияи давлатӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, номбурда аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардида буд, ёдовар шуда, рақамикунонии иқтисодиётро самти асосии истифодабарии босамари молияи давлатӣ ҳисобид.

       Дар охир байни баромадкунандагон ва иштирокчиёни семинари илмӣ музокироти судманд сурат гирифт.