logo

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ» БА ТАСВИБ РАСИД

       Дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 қайд намуда буданд, ки шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ чун терроризму экстремизм, имрўз ҳам паст нашудааст.

       Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, тақвият диҳанд.

       Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм (ифротгароӣ)» 8 декабри соли 2003, яъне 16 сол қабл қабул гардида буд. Бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, инчунин ба таври ҷиддӣ фаъолшавии гурўҳҳои экстремистӣ зарурат пеш омад, ки он дар таҳрири нав қабул карда шавад.

       Бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва иҷрои намудани банди 56 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми дарҷ шудаанд, гурўҳи кории байниидоравӣ аз намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ лоиҳаи нави қонун таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардид.

       21 июни соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро муҳокима ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро баррасӣ ва қабул намуд. 25 декабри соли 2019 қонуни мазкур аз ҷониби аъзои Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дастгирӣ ёфт ва 2 январи соли 2020 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

       Қонуни мазкур дар асоси Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, мафҳуми экстремизм, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

       Дар қонун калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки мафҳуми васеътар мебошад, иваз шудааст. Воқеан мафҳуми «муқовимат ба экстремизм» аз маҷмўи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи экстремизм иборат мебошад, яъне ифодакунандаи ҳамаи самтҳои ин хатари мудҳиш мебошад.

       Ҳамзамон, дар қонуни нав аз муродифи калимаи «экстремизм», яъне «ифротгароӣ» бо мақсади аз байн бурдани такроршавии мафҳумҳо, даст кашида шудааст. Мафҳумҳои асосие, ки дар қонун истифода шудаанд, мутобиқи меъёрҳои санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мебошанд.

        Мутобиқи назари Ҳ. Назарзода — муовини якуми Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонуни нав таҷрибаи дигар давлатҳо ва қонуни моделӣ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки 14 майи соли 2009 аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қабул гардидааст, ба инобат гирифта шуд.

       Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 6 боб ва 30 модда иборат мебошад.

       Дар боби якуми қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ, аз қабили экстремизм, фаъолияти экстремистӣ, маблағгузории экстремизм, ташкилоти экстремистӣ, маводи экстремистӣ, ҳуҷҷат, муқовимат ба экстремизм, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта, принсипҳо, самтҳо ва вазифаҳои асосии он дарҷ гардида, дар моддаҳои дигари он ҳолатҳои дар Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ ҳисобшаванда номбар ва муайян шудаанд.

       Дар боби мазкур ба якчанд ибора таваҷҷуҳи махсус дода шудааст, ки донистани онҳо барои ҳар як фарди ҷомеа ва хусусан донишҷўён ниҳоят зарур мебошад, аз ҷумла ба ибораи экстремизм, фаъолияти экстремистӣ ва муқовимат ба экстремизм.

       Экстремизм-ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зўроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.

       Фаъолияти экстремистӣ-фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба нақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд.

       Муқовимат ба экстремизм-фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст.

       Дар боби дуюми қонун салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои муқовимат бо экстремизм ва ваколатҳои онҳо, инчунин уҳдадориҳои шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва кафолати давлатӣ нисбат ба шахсоне, ки дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб кумак мерасонанд, муайян гардидаанд.

       Дар боби 3-и қонун  меъёрҳо доир ба чораҳои умумӣ ва махсуси пешгирии фаъолияти экстремистии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ муайян гардида, мутобиқан шахси ҳуқуқӣ дар асоси аризаи Прокурори генералӣ ва танҳо бо санади суд метавонад ташкилоти экстремистӣ эътироф шавад. Дар ин замина, маблағгузории экстремизм сабаби  ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ гардида, ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба ташкилотҳои экстремистӣ рад намоянд.

       Дар боби чорум қонун масъалаи баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсоне, ки барои фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд, ҷавобгарӣ барои амалҳо дар фаъолияти экстремистӣ, меравад. Дар ин боб масъалаи роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, чораҳои муқовимат ба фаъолияти ташкилоте, ки экстремистӣ эътироф шудааст, ҷавобгарии шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ, ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ, дарҷ шудааст.

       Боби 5 қонун ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза ба экстремизм ва боби 6 муқаррароти хотимавӣ номгузори карда шудаанд.

       Ба тасвиб расидани қонуни мазкур идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин, пойдорӣ ва гиромидошти  истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияти давлатӣ ва шукуфоии Тоҷикистони озод мебошад.

 

Қодирова Г.Т.-муовини ректор;

Нодиров Ф.М.-мудири кафедра