logo

ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШКАДА

       Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии мост.

       Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ 08 феврали соли 2020 дар доираи иҷроиши Нақшаи чорабиниҳо дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат шанбегӣ доир гардид. Дар раванди баргузории шанбегии мазкур устодону донишҷӯёни донишкада фориғ аз дарс бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона ҷалб карда шуданд.

      Бояд қайд намуд, ки устодону донишҷуёни донишкада бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳаншиносӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва нарм намудани бехи онҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атрофи донишкада дар алоҳидагӣ ва пойтахти кишвар дар маҷмуъ кӯшиш ба харҷ медоданд.

      Чунин шанбегиҳои дастаҷамъона минбаъд низ дар радифи иқдомҳои ободкоронаи роҳбарияти донишкада идома хоҳанд ёфт.