logo

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШКАДА

       05 феврали соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма ва роҳбарони сохторҳои донишкада нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ибтидо ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор дар бораи фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ ва равобити хориҷии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли 2019 маълумоти муфассал доданд.

          Аз ҷумла, мавсуф иброз намуданд, ки кормандони донишкада дар соли сипаришуда ба як қатор дастоварду комёбиҳо ноил гардида, дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат, рушди ҳамкориҳои тарафайн бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  ва хориҷи кишвар, тавсеаи фаъолиятҳои лозима дар амри пешбурди омодасозии барномаҳо ва кадрҳои сайёҳӣ, таъмини пешбурди сатҳи ҷавобгӯи раванди таълиму тарбия, беҳтар намудани ҳолату шароити иҷтимоии устодону донишҷӯён,

иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, боло бардоштани сатҳи тарбияи донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, баланд бардоштани маърифатнокии донишҷӯён, шомил нашудан ба гуруҳҳои ифротӣ, тарзи ҳаёти солим, анҷоми фаъолияҳои ободонию хоҷагидории донишкада, инчунин пешбурди таълиму тарбия дар литсейи донишкада, корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

       Баъдан роҳбари муассиса ва масъулини сохторҳои маъмурӣ ба суолу пурсишҳои сершумори намояндагони васоити ахбори омма посухҳои мушаххас ва муфассал доданд.