logo

ПАЁМ — НУРУ АХТАР ВА ҶИЛОИ МАЪРИФАТ

номзади илмҳои фалсафа,  дотсент

Комилов Далер Рустамович

 

 

 

Паёмҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола масъалаҳои мубрам ба ҳаёти хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, ҳамчун дастур  барои  масъулини соҳаҳои марбута хидмат менамоянд.

Он дарахте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину гуворо ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.

Роҳи оҳани Қурҷонтеппа Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим «гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз мешукӯфад, иктисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва шукуфт, имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Бояд қайд кард, ки Сулҳу ваҳдат — ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу ҷаззоб бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату поктинат будан.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари пойдор ба шоҳроҳи пешрафту таназзул рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаӣ он расад».

Аммо омилҳои рушду тараққӣ ва эҳёи миллату давлатҳо дар ҷаҳони муосир маорифпарварӣ буда, рушди илм дар таърихи ҳар миллат ҳамчун марҳилаи эҳё ва ташаккули зеҳнӣ шинохта мешавад. Бояд гуфт, ки замони салтанати Оли Сомонро давраи  тиллоии миллати хеш бишуморем, ки он замон  марҳилаи нави ташаккули забону фарҳанги тоҷик оғоз гардида, чун пояи мустаҳкаме дар рушди минбаъдаи кохи донишу заковат ва фитрати тоҷикон хидмати нотакроре намудааст.

Баробари ба даст овардани истиқлолияти миллӣ барои эҳёи ганҷҳои нуҳуфтаи фарҳангу адаби миллат заминаҳои наве фароҳам омаданд. Андешаҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ роҷеъ ба масъалаи маърифати таърихӣ  бори дигар мардумро водор бар он менамоянд, ки нисбат ба гузаштаи худ набояд бепарво бошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар  осори илмӣ-сиёсӣ ва тамоми суханрониҳояшон дар мавриди омӯзиши осори ниёгон ва дар амал татбиқ намудани истиқлолияти фарҳангӣ ибрози назар карда, зимнан ифтихор аз гузашта ва сабақ гирифтан аз  таърихи ниёгонро борҳо таъкид намудаанд. Дар иртибот ба ин метавон андешаи Пешвои муаззамро аз китоби «Чеҳраҳои мондагор» мисол овард, ки тазаккур додаанд: «Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги  оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи ҷаззоби тозаро ба вуҷуд овардааст».

Дар ҳамин асар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандаи гиромии худ муроҷиат менамояд, ки «тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нухбагони сарзамини хешро ҳифз кардаанд». Таъкид кардан зарур аст, ки  дар асари Вамбери Арсений мавсум дар мавриди куҳанбунёдии тоҷикон сухан рафта, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки «тоҷикон аз қадим қисмати асосии аҳолии Осиёи Миёнаро ташкил намуда, ҳатто  то омадани дини ислом дорои фарҳанг буданд ва ҳарчанд ки аз кишвардорӣ маҳрум шуда бошанд ҳам, аммо нақши асосиро дар соҳибфарҳанг намудани ҳокимони худ аз даст надода буданд».

Дар воқеъ, замони муосир ба ҳайси замони фарҳанграбоӣ ва лағв кардани хотираҳои таърихӣ аз ҷониби миллатҳое, ки фитрати миллӣ надоштаанд, ба қайд гирифта шудааст. Бархӯрдҳои зиёди фарҳангӣ моро водор менамоянд, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ саъю талоши зиёде намоем ва  нагузорем, ки насли ҷавон аз гузаштаи худ лаҳзае дур шавад. Дар радифи ҳамин метавон таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати шинохти гузаштагон  мисол овард, ки бе дарки ҷавҳари худӣ наметавонем ҳастии миллатро дар оянда пос дорем.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дастур доданд, ки «олимону донишмандони моро зарур аст ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».

Аз зумраи самимияти Президенти мамлакат баҳри  баланд бардоштани маърифати таърихӣ интишори китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва тақсими он байни мардум мебошад. Ин асар фарогири маводи арзишманди илмӣ ва яке аз манбаъҳои муътамад роҷеъ ба таърихи миллати озодаи тоҷик буда, авзои сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷиконро дар марҳилаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор додааст.

Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ академики тоҷик Бобоҷон Ғафуров аз минбарҳои ҷаҳонӣ роҷеъ ба масоили Шарқ сухан мегӯяд ва узви кунгураҳои зиёде, масалан соли 1961 дар кишвари Гвинея ҳангоми Конгресси байналмилалӣ Раиси Фонди якдилии Осиё ва Африқо, соли 1966 узви кумитаи доимии Кунгураи байналхалқии эроншиносӣ (Эрон), соли 1967 узви фахрии Ҷамъияти шарқшиносони Полша интихоб гардида, соли 1968 ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мушарраф мегардад. Дар замони истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои наҷиби академик Бобоҷон Ғафуровро ба инобат гирифта, ӯро соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз менамояд.

Хулоса. чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст. Ин фарзанди фарзонаи миллат бо вуҷуди мавҷудияти тазодҳои идеологӣ  тавонистааст асаре таълиф ва бо он исбот намояд, ки миллати фархундаи тоҷик дар Осиёи Миёна нақши тамаддунсоз доштааст.