logo

ФАРҲАНГИ ҶАЗЗОБУ ОЙИНАИ ҶИЛВАНАМО

       «Фарҳанг ба назари ман, оинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбад. Ва ин мизони дақиқу беминат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих иникос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд».  

                                                                                                Эмомали  Раҳмон.

       Фарҳанг одатҳои одамонро дар ҳар давру замон бештар таваҷҷуҳ намудааст. Омўзишу тадқиқ ва бузургдошти осори гузаштагон ҷилои тозае рушду равнақ додааст. Рў овардан ба фарҳангӣ бойю ғании халқҳои олам боз ҳам вусъат ёфт, ки яке аз падидаҳои беҳтарини замони имрўза ҳисобида мешавад, зеро дар олами маънавӣ ченаки асоси муқаддасоти фарҳангӣ ва арзишҳои волои инсонист. Мардумони солимфикрро ба омўзишу тавлиди суннатҳои ниёгон ҳидоят мекунад ин пайдо ва вусъат ёфтани ҷараёни номатлуб дар байни ҷавонон ва касод шудани ахлоқи ҷомеа аст. Агар аз як тараф ба воситаи осори фарҳангӣ ҷавононро ба инсонгарои,  эҳтироми ҳамдигар донишандўзи ва ғайраҳо тадбиқу ташфиқ  намоем аз тарафи дигар аниқ мекунанд, ки танҳо миллат ё халқ ба воситаи осори фарҳангиаш зинда хоҳад монд, ки он қодираст инсони ботинан солимро ба вуҷуд орад. Ба таври дигар инсони муосир дар сарнавишти ояндаи хеш танҳо ба ганҷинаи маънавӣ дар тули асрҳо ҷамъ шуда умед мебандад. Зеро худшиноси низ аз омўзишу донистани фарҳанг ибтидо мегирад. Аз ин рў фанни мазкур бо тамоми илмҳои аз тарафи инсон эҷод шуда робитаи зич дорад, зеро дастовардҳову ихтироотҳои илмҳои назарию амалӣ моли фарҳанг мебошад.

       Истилоҳи фарҳанг, маданият, культура аз тариқи воситаҳои ахбори умум бо забонҳои гуногун садо дода,  дар навиштаҳову сўҳбатҳо фаровон истифода бурда мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар байни мардум ибораҳои шахси маданӣ, шахси фарҳангӣ, маданияти рафтор, маданияти сухангўи ибораҳои гуногун пайдо шудаанд, вале аксари одамон ба шарҳи истилоҳи номбар шуда душвори мекашанд ва ё шарҳи содалавҳонаи онро ба таври сатҳи қабул менамоянд.

       Зеро фарҳанг аз фаҳмиши илмӣ васеътар ва доманадор аст. Маданият дараҷаи муайяни пешрафти ҷамъиятро инъикос менамояд, ки он дар намуд ва ташкили ҳаёт, фаъолиятмандии одамон дар сарватмандии моддию маънавй зоҳир мегардад. Фарҳанг арзишҳои моддию маънавӣ инчунин тарзҳои эҷодкунӣ маҳорат барои пешрафти инсоният истифода бурдан ва аз насл ба насл гузаштани онҳост.

       Мафҳуми фарҳанг аз ибтидо ба кори хуб ба кори нафақат иҷрошуда балки ба тарзу мақсаду иҷроиши  он, низ алоқаманд аст. Гарчанде дар таърих ва методологияи илм, фарҳангшиносӣ (маданиятшиносӣ) илми ҷавон аст, лекин фарҳанг баробари инсон вуҷуд дорад ва мавҷудияташ бидуни инсон ғайри имконият аст. Барои дарки воқеии фарҳанг ҳаминро бояд донем, ки он зодаю падидаи иxтимоӣ буда, дар тўли таърихи дароз ташаккул ёфта пайваста дар ҳоли таҳаввул ва тараққи будааст.

       Вобаста ба ҳар як давр фарҳанг шеваю равиш ва хусусиятҳои ташаккули худро пайдо мекунад. Фарҳанг асоси ҷомеаи ибтидоӣ ҳисоб гардида зинаи камолот ва тамаддунро дар бар мегирад. Ҳарчанд, ки созанда бунёдкор ва нигаҳдори фарҳанг оммаи халқ аст, лекин шахсиятҳои алоҳида низ қодиранд дар пешрафти фарҳанг саҳмгузор бошанд.  Баробари ашхосӣ бузурги илму фарҳанг, ки осорашон ба ганҷинаи тамаддуни башари ворид гардидааст ҳамчунин фардҳои манфури (бадахлоқ) ҷамъияти Чингисхон, Темури ланг, Гитлер вуҷудоштанд, ки ба ганҷинаи тамаддуни башари ва пояи илму фарҳанг зарбаи сахте ворид сохтанд. Аз ин ҷост, ки фарҳангро маҷмўи офаридаҳои шахсиятҳои алоҳида мешуморанд.

       Аз баски фарҳанг натиҷаи фаъолияти инсон аст он инсонро на чун фард балки чун вуҷуди ҷамъияти инкишофёфта тасвир мекунад.

       Имрўз дар забони муосири тоҷик, баробари мафҳуми фарҳанг маданият низ истифода бурда мешавад.

       Маданият аз калимаи араби «Мадина» гирифта шуда маънои шаҳрдори ва ё зиндагонии шаҳриёнаро далолат мекард. Маданият ва истифодаи ин мафҳум чун ҳаммаънои мафҳуми культура бо маънии имрўзааш аз асри XVIII истифода шудааст.

       Аввалин кўшиши таърифи маданият аз ҷониби Эдмунд Тейллор с. 1870 сурат гирифтааст. Баъдтар таърифҳои зиёде пайдо шуданд. Аз ин ҷост, ки с. 1952 онтропологҳои Америкои Алфрейд Кребер ва Клайд Клаксон барои гирд овардани таърифу тавсифҳои маданият заҳмат кашида ва дар натиҷа 164 таърифи онро муайян намуданд ва то соли 1994 теъдоди таърифҳо ба 257 адад расидааст. Мутахассисони зикр шуда,  таърифҳои гуногуни маданиятро табақабанди намуда, аз рўи хусусиятҳояшон онҳоро чунин таснифот карданд:  таърифҳои тавсифӣ, таърихӣ, меъёрӣ, арзиши, равонӣ,таъриф аз рўи назарияи омўзиш, сохторӣ (структуравӣ), ғоявӣ (идеологӣ), таърифҳои рамзӣ ва ғ.

      Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўи «Мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба1310 — солагии Имоми Аъзам ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷўҳи зиёде, ишора гардид, ки «Масъалаи тарбияи ҷавонон ҷузъи муҳими сиёсати давлат аст. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ миллат ва давлате мақоми муносиб хоҳад ёфт, ки фарзандони бедордилу худогоҳ дорои хислатҳои ҳамидаи инсониро тарбия намояд. Ҷавонони бонангу номуси мо бояд бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ пеш аз ҳама илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавиро омўзанд ва аз пайи обод кардани Ватани азизи худ — Тоҷикистон бошанд. Чунки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорат ва ватандўсту ватанпараст вобаста аст. Дар робита ба ин, мехоҳам махсус ба падару модарон ва ходимони дин муроҷиат карда, иброз намоям, ки ҷавонони мо дар баробари донистани фарҳанги ноб бояд ҳатман соҳибкасб бошанд». Бо таваҷҷўҳ ба ин таҳқиқу пажўҳиши соҳибкасбӣ ба мавқеъ мебошад. Кўҳантарин бозёфтҳои бостоншиносӣ марбут ба ангезаҳои рафтори инсон барои бақои хеш дар қолиби талош барои фароҳам овардани сарпаноҳ, пўшок ва хўрок мебошад. Аз бархўрдҳои ин талошҳо, шукуфоии нисбии истеъдоди василасозӣ дар инсон ва ихтирои василаҳои ибтидоӣ аст, ки нахустин намунаҳои он санги шикори бозмонда аз асри оғози санг аст. Бинобар ин, агар аз манзари тарбиятӣ ба ин масъала нигарем, метавон тасвири зеҳнӣ ва нимаравшан, инсонҳои нахустинро дид, ки ба фарзандони худ омўхтани касбро раҳнамоӣ мекарданд. Таҳаввули зиндагии инсон ва густариши равобит миёни инсонӣ, пайдоиши гуногунии дархостҳои одамӣ, рафта-рафта ба эҳтироми рўзафзуни гунаҳои тоза аз васила ва олот анҷомид ва бо пешрафти зиндагии иҷтимоӣ ва печида шудани он ва афзоиши ҷамъият ва тақсими кор, касбу ҳунар падид омад, кор ба тахассус ва маҳорат дар шуғлҳо ва касбу кор кашид ва тарбияти меҳнатӣ ва интихоби касб падид омад ва яке аз риштаҳо ва низомҳои таълимӣ шуд.

       Бештар шахсон мегўянд, ки мусалмонон ба масъалаҳои касбу илм беаҳамиятанд. Ва аз ҳама болотар Қуръони карим, ки дар ду сура мегўяд: «Агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед».(5). Оё ҷуз ба ин қонуни фитрӣ ва ақлӣ назар дорад, ки дар масоили мавриди назар бояд ба аҳли назар ва соҳибони касб муроҷиа кард ва аз донишу биниши онон суд ҷуст? Дар воқеъ, ончӣ, ки дар мавриди баҳс буд ва ҳамакнун низ ҳаст масъалаи имон ва масъулият аст ва ин ки яке ба дигаре бурда нашавад, вагарна чӣ касе аст, ки аз иҷрои кор ба шахси ғайримутахассис, ноозмуда ва бетаҷриба муроҷиат мекунад. Дар ин бора Шайх Муслиҳиддин Саъдӣ чунин гуфтааст:

       «Мардакеро чашмдард хост пеши байтор рафт, ки даво кун. Байтор аз ончӣ дар чашми чорпое мекунад дар дидаи ў кашид ва кўр шуд. Матлаб ба довар бурданд ва гуфт: бирав ҳеҷ тавон нест агар ин хар набудӣ пеши байтор нарафтӣ».

 

 

                                     Комилов Далер-номзади илмҳои фалсафа, дотсент

                    Оқилов Фаридун — омӯзгор