logo

САРАЗМ – САРОҒОЗ ВА ИФТИХОРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

        Саразм кӯҳантарин ва муқадамтарин ёдгории таърихии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Чи тавре, ки аз натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ бар меояд, нахустин маданияти шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ ва маъдангудози аз ин мавзе оғоз ёфтааст. Саразм ҳамаи ин нишонаҳоро дар худ таҷассум намуда, шаҳри муқаддаси тоҷикон – маркази ҳунармандӣ ба шумор мерафт. Чуноне, ки аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд: «Ёдгории бостонии  Саразм – хазинаи тиллоии миллат аст».

        Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2019 таҳти рақами №195 12.09.2020 дар шаҳри Панҷакент 5500 солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

        Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.09.2001 ёдгории қадимаи Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунарманди ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнўгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида 31.07.2010 он бо пешниҳоди президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи меъроси фарҳангии умумибашари ворид гардидааст.

        Шаҳрсозӣ дар тамоми манотиқи кураи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III пеш аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III—II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба ҳамон сол рушд кардаасту инкишоф ёфтааст. Бо чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадимаи пеш аз мелоди номид. Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молу мулки, ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, савдову тиҷорат, дӯконҳои сонеъи, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди  чӯб хулоса ҳама чи ки он вақт буд ва ҳоло ҳам имрўз онҳо маъмуланд. Ҳамин аст рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд. Аслан наметавонад як қабила бе кўмаку дастгирӣ ва мубодилаи таҷрибаи қабилаи ғайр ба муддати тӯлонӣ пойдор бимонад. Мавкеъи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки аз қавму қабилаи дигар дониши иловагӣ гиранду бо дониши хеш онро тақвият кунанд. Инчунин ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз хама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байни қабилавӣ, алоҳида рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, аммо дар шакли мутамарказ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеи шикор дар ҷомеа, азхудкунии сарватҳои табии ва бисёр-бисёр чизи дигар. Ин муҷиб ба он шуда, ки суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.

        Аз бозёфтҳои Саразм равшан мегардад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Сиистону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Марказӣ паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мерафтанд.

        Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели воқеист, ки шаҳрдории тоҷикон то ба куҷо меравад. Пас метавон иқрор шуд, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон таммадун додаем ва оғози таммадун аз мулки тоҷикон сарчашма мегирад. Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае мавҷуд буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд. Вале тадқикоту омӯзиш ва зери кишти зироатҳо собит кард, ки ин андеша билкул ботил аст. Саразм шаҳр аст на деҳот. Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои соз мардуми нахустро дар Саразм сарҷамъ кард. Инчунин барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин кӯҳҳои Зарафшон ҳам созгор будааст. Ҳамчунин бозёфтҳои Саразм, либосҳои пашмӣ ва дастгоҳҳои бофандагӣ, сӯзанҳо аз сангу устухон, кӯзаву кӯзачаҳои сафолӣ, коркарди қўрғошиму қалъагӣ, ки зарфу мӯҳрҳо аз он омада мешуданд, аз мис олотҳои рӯзгор, ба монанди корд, табар, тир бар тақвияти суханҳои мо далеланд. Лавозимоти шикорӣ, ки аз сангу мису биринҷ бо тароҳҳои гуногун сохта шудаанд, аз майлу рағбати мардуми онвақта ба шикор гувоҳӣ медиҳад. Аммо бо мурури замон бо рушд кардани чорводорӣ, шикор ба машғулияти дуюмидараҷа табдил меёбад.

        Бояд қайд кард, ки гаронтарин бозёфти Саразм ин қабри маликаи Саразм мебошад. Малика хеле ҷавон тахминан дар синни 25 солагӣ вафот мекунад. Аммо модар будани ӯ собит шудааст. Ба хок супоридани майит ҳам аҷиб мебошад. Ба он гунае ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, ба ҳамон гуна ӯро дафн мекардаанд. Кадом малика беороишот аст? Вале чун реҳлат кард, ҷавоҳиру ороишот ҳам ҳамроҳи соҳибаш ба хок мерафтааст. Яъне номгӯи ороишоти Малика ин муҷассамаи худи ӯ аз гил, гарданбанди тиллоӣ, шаббаҳҳо аз фирӯзаву лоҷувард, оҳаксангу ақиқу нуқра. Сафедаву упо ва ойина ин ҷиҳози ороишии малика будаанд. Аммо бино бар ривоятҳо руҳӣ маликаи саразм баъзан — баъзан шабона дар шаҳристон сайр мекунад.

        Саразм чор давраи чандҳазорсолиро гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист.

         Таҷрибаи чандинсолаи гирдоварда дар сохтани нахустшаҳри гетӣ мусоидат кардааст. Шаҳрчаи Саразм нақшаи муайяне надошт ва гирди он бо девори дифоъӣ муҳофизат намешуд. Зеро аз биму хатар хавф набуд. Чангу лашкаркашӣ дар натиҷаи рақобат баъдтар сар мезанад. Саразм дар айёми шаклгирӣ масоҳати беҳад калонро ишғол мекардааст. Шаҳр асосан аз биноҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва ибодатхонаҳо иборат буд. Биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ ва маъбадҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Биноҳои истиқоматӣ аз се-чаҳор ҳуҷраҳои хурд-хурд, саҳни ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраи дигар барои маҳфузи анҷому лавозимоти рӯзгор иборатанд, ки тангкӯчаю паскӯчаҳоро ҷудо мекунанд. Ин биноҳои истиқоматӣ дар ибтидои бунёд хеле сода будаанд. Бо мурури замон онҳо ҷадидтар мешаванд. Аз боқимондаҳои чӯбҳои пӯсида ва пайдарҳамии чӯбҳо дар болои лойдевор маълум аст, ки хонаҳо ва умуман иморатҳо аз ҳамон вақт бо чўб пӯшонида мешудаанд. Ба ростӣ, хонаҳои ҳозираи тоҷикҳо ба хонасозии ҳамон давра хеле ва хеле монанд аст, мутобиқан ба кӯҳистони мо ва танҳо аз назари эътиқодӣ андак фарқ мекунад. Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Оташдонҳо барои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст. Биноҳои маъмурӣ бошанд аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳалӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарордотҳое қабул мешаданд, к ибо мўхрҳои мавҷуда тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест.

        Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд будан, тоҷиру меъмори замони хеш низ  буданд, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоштанд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Аҳёнанд якчанд маъбад дар Саразм намудор шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шуда, дар байни он чуқурии начандон калон барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбон кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст. Дар рӯзгори пешина гови муқаддаси турро қурбон мекардаанд. Воқеан мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5 соларо меписандидаанд, бештари устухонҳои боқимонда шаҳодати ин гуфтаҳо ҳастанд.

        Кишоварзӣ ба сони дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо растаниҳоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инҳо ҷав ва гандум мавқеи хосаро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм ғанӣ нест. Мавҷудияти каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва шудгори ҷуфтӣ аз эҳтимол дур нест.

        Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, қариб, ки ба 10000 нафар мерасид. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не.

        Дар мавзеи ёдгории бостонии Саразм 04.01.2011 маросими насби лавҳаи 4 метраи биринҷии Сертифакати ЮНЕСКО барафрохта шуд. Мардуми тоҷик ин ҷашнвораро бо як шукўҳу шаҳомат пешвоз мегиранд ва ҷашни Ёдгории Саразм бори дигар собит менамояд, ки миллати мо дар воқеъ соҳиби фарҳанг ва тамаддуни қадима мебошад.

 

Нодиров Ф.М., Сафаров И.Д. –

дотсентони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат