10 январи соли 2020 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ректори Донишкада оид ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ, равобити хориҷӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 шунида шуд.
Дар раванди натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи донишкада намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузизода А.Ҳ. ва тамоми намояндагони сохторҳои донишкада ширкат варзиданд.
Ректори донишкада, профессор Обидов Фозил Саидович дар радифи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардида буд, изҳори назар намуда, дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъсис додани Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро ҳамчун иқдоми наҷиби Ҳукумати кишвар дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳии ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат иброз доштанд. Инчунин, ректори донишкада қайд намуданд, ки барои кулли кормандону устодон ва донишҷӯёну хонандагони донишкада боиси ифтихор аст, ки маҳз Пешвои муаззами миллат дар раванди ироаи Паём ба донишкадаи мо изҳори назар намуданд.
Сипас, ректори донишкада бо истифода аз технологияҳои муосир тариқи истифодаи видеопроектор ҳисоботи солонаи хешро манзури ҳозирин гардонид (ҳисобот замима мегардад).
Барои ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ, кормандон ва донишҷўёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 давраи хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро он бо ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла таҷлили 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 22-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ, 27 – умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳодисаҳои иқтисодиву сиёсӣ алоқаманд мебошад.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2019 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 –уми декабри соли 2018, аз вохўрии рўзи 26-уми июни соли 2019 дар ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ бармеоянд, аз тарафи раёсати донишкада нақшаҳои иловагӣ қабул карда шуда, маҷмўи корҳои ташкилӣ, илмӣ–методӣ барои пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тадқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби донишҷўён ба корҳои илмӣ ва инноватсионӣ, густариши равобити хориҷӣ ва ободониву созандагӣ амалӣ карда шуданд.
Ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ доир ба иҷрои онҳо таҳия гардида, ба мақомоти дахлдор ирсол шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра тавассути шуъбаи умумӣ ба донишкада 1122 мактуб ворид гардида, 1118 мактуби содиротӣ ирсол гардид.
Шумораи мактубҳои воридотӣ ва содиротӣ дар соли 2019
НОМГЎИ ВАЗОРАТУ МУАССИСАҲО | МАКТУБҲОИ ВОРИДОТӢ | МАКТУБҲОИ СОДИРОТӢ |
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | 19 | 18 |
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон | 512 | 270 |
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон | 105 | 114 |
Дигар муассисаву ташкилотҳо | 486 | 716 |
Ҳамагӣ | 1122 | 1118 |
Ҳамчунин ба унвонии раёсати донишкада 967 адад ариза (шикоятӣ нест), 439 адад пешниҳод ва 293 дархост ворид гардидаанд, ки баъд аз таҳлилу баррасӣ ва иҷроиш ба мақомоти дахлдор ва шаҳрвандону донишҷўён саривақт дастрас гардонида шуданд.
ФАЪОЛИЯТИ ШЎРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШКАДА
Шўрои олимони донишкада мақомоти олии идоракунӣ ба шумор рафта, бо фармоиши ректори донишкада дар ҳайати 23 нафар таъсис дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 13 ҷаласаи Шўрои олимони донишкада тибқи нақшаи корӣ ва 2 шӯрои ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар он 132 масъала, аз ҷумла, 67 масъалаи асосӣ ва 65 масъалаи ҷорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади дастгирии ҳамешагии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди робитаҳои беруна, инчунин фаъолияти инноватсионӣ дар соли 2019 ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.
Аз ҷумла, болоравии сатҳу сифати таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ нисбатан таъмин гардида, густариши робитаҳои беруна ва хориҷӣ, инчунин фаъолияти инноватсионӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
БАХШИ ТАЪЛИМ
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар 18 кафедраи донишкада 214 нафар омўзгор барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 175 нафар омўзгори доимӣ ва ҳамкорони дохилӣ, 39 нафар омўзгори ҳамкори беруна мебошанд.
Бо мақсади хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот дар соли 2019 тағйиротҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла:
Ҳамин тавр, раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада пайваста кӯшиш менамоянд, ки сифати таҳсилот беҳтар гардад. Барои иҷрои ин вазифа на танҳо пойгоҳи устувори моддӣ-техникӣ ба вуҷуд оварда шудааст, балки маҷмўи чорабиниҳои ташкилӣ, методӣ, кадрӣ амалӣ гардидаст, ки дар натиҷа сифати таълим то андозае боло рафтааст.
БАХШИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
Дар соли 2019 дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти инноватсионӣ дар донишкада корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Дар ин давра олимон ва устодони донишкада нисбат ба дигар солҳо дар гузаронидани тадқиқоти илмӣ, таълифи монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимию методӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ ва ҳамзамон иштирок дар чорабиниҳои илмии сатҳҳои мухталиф нақши назаррас гузоштанд. Ҳамин тавр, донишкада дар соли 2019 вобаста ба фаъолиятҳои илмӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид, аз ҷумла:
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада, ташкил ва баргузор намудани конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо, семинарҳои илмӣ-назариявӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади иҷроиши ин самти фаъолият, соли 2019 дар донишкада дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои гуногуни давлатӣ 1 конфронси байналмилалӣ, 6 конфронси ҷумҳуриявӣ, 1 конфронси донишкадавӣ, 2 ҳамоиши илмӣ, 10 семинари илмӣ-назариявӣ, 12 мизи мудаввар ва 9 чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ баргузор гардид, ки оид ба натиҷаи ҷамъбасти онҳо бо хулосаю пешниҳодот ба мақомоти дахлдор маълумотнома фиристода шуд.
Парки инноватсионию технологии донишкада имрӯз бо фарогирии курсҳои кӯтоҳмудати омӯзишӣ аз рӯи самтҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дузандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забони хитоӣ, курсҳои компютерӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Айни замон дар назди Парки инноватсионию технологии донишкада курсҳои кутоҳмудат аз рӯи ихтисосҳои “Дӯзандагӣ” ва “Қаннодӣ” ташкил карда шуда, барои ташкили курсҳои “Ороишгари мӯй” ва “Асосҳои омӯзиши компютер” синфхонаҳои махсуси бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз ташкил карда шудааст.
БАХШИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ
Робитаҳои хориҷии донишкада низ дар ин давра бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёфтанд. Дар соли 2019 донишкада бо 22 муассисаи хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Роҳбарияти донишкада барои сафарбар намудани омўзгорону донишҷўён дар чорабиниҳои гуногуни хориҷӣ ва ватанӣ саҳми хешро гузошт:
БАХШИ ТАРБИЯ
Раёсати донишкада баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, дар соли 2019 барои тақвияти корҳои тарбиявӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронид.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони қисми тарбия назорати ҷиддӣ дар биноҳои таълимӣ дар байни донишҷўён ҷиҳати аз ҷониби онҳо риоя гардидани талаботи бо мошинҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ ба дарс наомадани донишҷўён ва иҷрои талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ мебошад.
Дар ин ҷода раёсати донишкада барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар донишкада якчанд ҷаласаҳои васеи ҳайати устодону кормандон ва донишҷўёни донишкада бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ (кормандони Прокуратураи Генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза ба зидди коррупсия, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Кумитаи назорати маводҳои мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Адибон ва ѓайраҳо) баргузор карда шуд.
Яке аз самтҳои фаъолият дар донишкада баланд бардоштани маънавиёт ва ҷаҳонбинии донишҷўён дар ҳамкории муштарак бо намояндагони васоити ахбори умум ва бо ҷалб намудани донишҷўён ба барномаҳои ахлоқию тарбиявӣ ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мебошад. Донишҷўёни донишкада бо барномаҳои телевизионии Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина, барномаҳои гуногуни телевизиони “Ҷаҳоннамо” ва “Баҳористон” ва ҳамзамон барномаҳои радиоӣ ҳамкории зич доранд. Ба таври пайваста муҳаққиқону коршиносон ва олимони соҳавии донишкада дар барномаҳои телевизионӣ ширкат намуда, андешаронӣ мекунанд.
Илова бар ин, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» комиссия таъсис дода шуда, ба таври пайваста дар байни ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону кормандон ва донишҷўён корҳои тарѓиботию фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
Бо мақсади тарбияи ҳисси ватандўстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон ва тарбияи ѓоявӣ, сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии насли наврас дар давоми соли 2019 сипаригашта зиёда аз 40 чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор карда шуданд.
Ҳамин тавр, дар соли хониши 2019 то инҷониб кормандони қисми тарбия дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, барои дар замири донишҷўён бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ намудан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ кўшишҳои зиёд ба харҷ дода, дар дарсҳои тарбиявӣ мунтазам барои амалисозии ин мақсади наҷиб корҳои назаррас ба анҷом расонида истодаанд ва тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ мувофиқ ба талаботи рўз корҳои тарбиявиро ба роҳ монда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон корҳои амалӣ андешанд.
БАХШИ ИҚТИСОДИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА МОЛИЯВӢ
Ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишкада силсилаи корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, дар самти фаъолияти иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявии донишкада пешравиҳои шоён ба назар мерасанд.
Пардохти музди меҳнати кормандон дар донишкада аз руйи басти кории тасдиқгардида ва нақшаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсус ба роҳ монда шуда, музди меҳнати миёнаи ҳайати кормандони донишкада дар соли 2019 – 2305 сомониро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ барои истифодаи донишҷўёну устодон ошхонаи нав барои 60 ҷойи нишаст дар як вақт, толори нави маҷлисгоҳ ва машғулиятҳои лексионӣ барои 120 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон толор –қироатхонаи китобхонаи илмии донишкада ба тозагӣ таъмир шуда, шумораи ҷойҳои нишаст дар он ба 150 адад расонида шуд.
Дар ин давра барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ҷевонҳои китобмонӣ-10 адад, мизҳои конфронсӣ-5 адад, минбар 6 адад, мизу курсиҳои ошхона барои 60 ҷойи нишаст харидорӣ карда шуд.
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № АП-159 бо мақсади ба низом даровардани раванди кўмакрасонии доимии хайрия ба муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабӣ, статсионарӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, вазорату идораҳо ва муассисаҳо мувофиқи рўйхат вобаста карда шудаанд. Тибқи рўйхати мазкур Донишкада ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Сангвор ёрии худро дар асоси дархости муассисаи мазкур амалӣ менамояд.
Ҳамчунин бо фармоиши ректори донишкада донишҷӯёни ятими кулл (3 нафар) пурра аз маблағи таҳсил озод карда шудаанд. Ҳамзамон, бо ибтикори раёсати донишкада ба ятимони кулл барои харидории сарулибос ва таҷҳизоти хониш кӯмакҳои иловагӣ муқаррар карда шудааст..
Инчунин, бо фармоиши ректори донишкада барои фарзандони оилаҳои камбизоат имтиёз дар шаклҳои гуногун муайян карда шудааст.
Аз моҳи январ то имруз ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тоза намудани биноҳо ва гирду атрофи донишкада тозаву озода намудани ҳавлиҳои назди донишкада, синфхонаҳои таълимӣ ва таъмин намудан бо маводҳои зарурӣ барои пешбурди фаолияти таълимию тарбиявӣ ва ғайраҳо корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст
Вазифаи асосии қисм тозаву озода намудани гирду атрофи донишкада, тоза кардани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо, инчунин корҳои таъмиру тармим мебошад.
Тамоми биноҳои донишкада, алалхусус масъалаҳои системаҳои барқӣ ва системаҳои обӣ зери назорати қатъии қисми хоҷагидорӣ донишкада қарор дорад.
Дар бахши хоҷагидорӣ як зумра корҳои таъмирию сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд:
-таъмири китобхона, таъмири толори хониш, сохтмони бинои ошхона, ободонии гирду атрофи ошхона, аз таъмир баровардани утоқҳои кории коргарони хоҷагидорӣ.
-сохтмони асосии анбори донишкада, рангу бор ва тоза кардани партовгоҳи донишгоҳ, таъмир курсиҳои синфхонаҳо;
-таъмири зеристгоҳи барқӣ ва ба кор даровардани зеристгоҳи эҳтиётии барқӣ, пайваст намудани ноқили баландшидат то ошхона ва монанди инхо.
Дар ҷои тавақуфгоҳи мошинҳо як анбори калон барои молу анволи донишкада сохта ба истифода дода шуд. Дар ҳавлӣ ва роҳравҳои донишкада барои фасли тирамоҳу зимистон гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.
Дар баробари ҳамаи ин, қисми хоҷагидории донишкада мунтазам ҷаҳду талош менамояд, ки синфхонаҳо, утоқҳои корӣ, роҳраву ҳавлиҳо, гулгаштҳои донишкада ҳамеша тозаву озода ва ба равнди таълиму тарбия мувофиқ бошанд.
ЛИТСЕЙИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ
Литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2019-ро дар шароити хуби таҳсил оѓоз намуд. Дар литсейи донишкада барои таҳсили хонандагон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Дар ин давра шумораи хонандагон 719 нафарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 232 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар байни онхо 3 нафар хонандагони литсей гирандаи “Стипендияи Президентӣ”, 1 нафар гирандаи “Стипендияи Раиси шаҳр”ва 5 нафар дорандаи “аттестати аъло”-и маълумоти миёнаи асосӣ мебошанд, ки фахри литсей мебошанд.
Дар даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ, ки 315 нафар хонандагон иштирок намуданд, 72 нафар ғолибиятро ба даст оварда, дар даври II-юми ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар даври II-юми олимпиадаи ноҳиявӣ 20 нафар ғолибиятро ба даст оварда, ба даври III-юми олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Рӯзҳои 2- 3 юми январ ғолибон дар даври сеюми иштирок намуданд ва умедворем, ки натиҷаҳои хуб ба даст меоранд.
Инчунин, дар литсей озмун аз руйи номинатсияҳои “Хушнависӣ – зебопарастист”, “Ман зебо менависам” ва “Қалами сабз” баргузор гардидл, ки дар озмуни “Бехтарин хушнавис”48 нафар хонандагони синфҳои 1-11 иштирок намуда, 8 нафар ғолибиятро ба даст оварданд ва барои иштирок дар давраҳои минбаъда роҳхат гирифтанд.
Нимсолаи I-уми соли хонишро дар литсей 719 нафар чамъбаст намуданд. Дар натиҷа баҳои миёнаи азхудкунӣ дар литсей 4,4 буда, 88%-ро ташкил медиҳад.
Ба пешравиҳои дар боло зикргардида нигоҳ накарда, муаммову норасоиҳои зиёде мавҷуданд, ки бартараф намудани онҳо барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот имконият фароҳам месозанд.
Бинобар ин зарур аст, ки аз тарафи сохторҳои таркибии донишкада дар соли 2020 тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Аз ҷумла, дар бахши таълим:
Дар бахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ:
Дар самти равобити хориҷӣ:
Дар бахши корҳои тарбиявӣ:
Дар бахши иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявӣ
Дар литсейи донишкада:
Ҳамин тариқ, тавре бармеояд, вазифаҳои мазкур хеле муҳим ва қобили аҳамияти хос мебошанд. Ҳалли онҳо кўшишу заҳмати зиёдеро талаб мекунад, вале ин вазифаҳо амалишавандаанд ва сохторҳои алоҳидаи донишкадаро зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.