logo

САРАЗМ

 

        «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад». (Эмомалӣ Раҳмон)

Асрори Саразм

        Панҷакент яке аз зеботарин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон буда, на танҳо бо табиати зебову дилрабо, кӯҳҳои осмонбӯси сарбафалаккашида, кӯлҳову чашмасорони мусаффо  ва рӯдҳои шӯху пуртуѓён, балки бо шаҳри қадимаву бостонӣ буданаш низ таваҷӯҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Бахусус соли 2018, ки «Соли рушду сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» унвон гирифт, ташрифи сайёҳон ба ин минтақа ба таври бесобиқа афзоиш ёфт. Ба гуфти масъулини бахши сайёҳии шаҳри Панҷакент соли 2018 сайёҳон беш аз ҳама шаҳраки бостонии Саразмро зиёрат карданд. Сабаби зиёд шудани сайёҳон ба ноҳияи Панҷакент ва аз ҷумла ба Саразми бостонро нахуст агар ба эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳаои мардумӣ» ва ба бунёди инфрасохтори нав нисбат диҳанд, дуввум онро ба кушодашавии сарҳади Ӯзбекистон ва озод шудани равуоии мусофирон ба ин ду минтақа вобаста мекунанд. Зеро қаблан, агар фақат сайёҳони бевосита ба Тоҷикистон сафаркунанда аз Панҷакент дидан мекарданд, акнун аксари сайёҳони ба шаҳри Самарқанд  оянда низ, ҳатман ба Панҷакент омада, аз шаҳраки қадимии Саразм дидан мекунанд.

Саразм чӣ шаҳр аст?

        Саразми бостонӣ яке аз ёдгориҳои қадимтарин давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи миёна эътироф шудааст. Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омада, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Масофаи байни шаҳри Панҷакент то Саразм ҳамагӣ 15 километр ва байни Самарқанду Саразм 45 километрро ташкил медиҳад. Ин ёдгории бузург аз бозёфти нодир ба ҳисоб рафта, бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид шудааст.

        Ҷустуҷӯи археологӣ дар Саразм ҳанӯз солҳо 70-и асри гузашта, замоне оғоз ёфта буданд, ки дар болооби Зарафшон, аз ҷумла дар Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад кашида, 15-20 км барро фаро гирифтааст. Оғози кофтукоби Саразмро коршиносон пеш аз ҳама ба заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқӣ нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки бо амри тасодуф як мӯйсафеди маҳаллӣ бо насаби Тайлонов дар ин минтақа  табарзин пайдо мекунад ва пас аз шаш соли нигоҳдорӣ онро ба Исҳоқӣ медиҳад. Маҳз ҳамин табарзин боис мешавад, ки ҷустуҷӯ оѓоз ёбад ва ба пайдоиши Саразми бостон асос гузорад. Солҳои 1970 нахуст археологҳои Шӯравӣ Сарзамро тадқиқ намуда, аз соли 1984 экспедитсияҳои гуногунсоҳа ба ин минтақа ҷалб карда мешаванд.

        Дар соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико – К.К.Ламберг – Карловский ва Ф.Кол, дар Саразм корҳои муштараки тадқиқотӣ гузаронида, дар якҷоягӣ бо бостоншиносони Русия, Фаронса, Италия ва Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини халқи тоҷик саҳми худро мегузоранд.

        Кофтуковҳри археологӣ бахусус баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон тақвият ёфта, аз соли 2010 то имрӯз экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. Исҳоқов, М. Исҳоқова, Л. Т. Пянкова, У. Эшонқулов, А. Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р. Каримова, Р. Раҷабов, Ш. Ф. Қурбонов. (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А. П. Франкфорт, Р. Безенвал, Б.Лионне, Ж. Вилкокс, М. Казанова, Сесброн Фобиан, Жон Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳ, қабатҳои маъданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, батазимдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом додаанд.

        Бозёфтҳои нодирро тадқиқ намуда археологҳо ба хулосае омаданд, ки Саразми бостон ба солҳои 3400 – 2000 пеш аз мелод мансуб аст. Кашфи шаҳри Саразм на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли инсоният бозёфти беназир гуфта мешавад.

Чор давраи рушди Саразм

        Саразм чор давраи чандҳазорсолиро гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист. Ва тавре мушоҳида мешавад, аз як давра ба давраи дигар иморатсозӣ то рафт навтару модерн шудааст.

        Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дар бар гирифта, дорои қасру маъбад, маҳаллаҳо ва кўчаҳои хоси худ аст, ки бо як усули хоси меъморӣ бунёд шуда, аз тамаддуни шаҳрсозӣ доштани гузаштагони мо дарак медиҳад. Бозёфтҳои нодире, ки дар ин ҷо пайдо шудаанд, гувоҳи онанд, ки гузаштагони мо, натанҳо дар ҳунари меъмориву шаҳрсозӣ, балки дар оҳангариву деҳқонӣ ва ҳунармандӣ ҳамто надоштаанд. Бозёфтҳои нодири кўраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нўги найза, мўҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ собит намуданд, ки дар Саразм истеҳсол ва коркарди фулузот ҳанӯз дар замони хеле қадим инкишоф ёфта, заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда будаанд.

        Он гуна, ки таърихчиён собит сохтаанд, шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III-II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Саразми бостонӣ ҳамдар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба хамон давра рушд карда, инкишоф ёфтааст. Сарчашмаҳо ва маъхазҳои таърихӣ собит кардаанд, ки тамоми ҳудуди Суғди бостон маҳз ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил гардидааст.

        Худи ҳамин бозёфтҳори нодири шаҳри бостонии Саразм далел бар онанд, ки маҳз гузаштагони мо ба ҷаҳониён тамаддун додаанд ва ин тамаддун маҳз аз Панҷакенти бостонӣ сарчашма мегирад. Инро ҳатто Президенти мо тасдиқ карда гуфта, дар яке аз баромадҳояшон гуфта буданд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».

        Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Алъон якчанд маъбад дар Саразм бармало шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад.

        Замони заволи Саразм маълум аст, вале дар бораи сабабҳои нобудшавии ин шаҳр маълумот кам аст. Гурӯҳе археологҳо агар заволи ин шаҳрро ба хушк шудани сойи болои шаҳристон ва аз Саразм кӯчидани мардум нисбат диҳанд, гурӯҳи дигар ба ҳодисаи табиие нисбат медиҳанд, ки шаҳрро ба харобазор табдил додаст.

        Хушбахтона дар даврони истиқлол имконият барои тадқиқи ҳаматарафа ва эҳёи Саразм пайдо шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми сентябри соли 2001, Саразми бостон дар шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули маданияти фарҳангӣ, заминдорӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

        Инак бо пешниҳоди сарвари давлат соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад, ки тайёрӣ ба он ҳаматарафа идома дорад.

 

ҶУМЪАЕВ Х.М., СУЛТОНЗОДА Ҷ.У. –

УСТОДОНИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ